Инчунин, дар ҳолатҳое ки вазифаҳои асосии идоракунӣ нисбат ҳар як ҷараёни идоракунии иҷтимоӣ муносибати / хусусияти умумӣ дорад, вазифаҳои махсуси идоракунӣ ба ҷузъиёти низомҳои иҷтимоӣ бо назардошти хосияти онҳо муносиб мебошад. Мисол: фаъолияти истеҳсолӣ-ташкилии корхона вазифаҳои хоси худро, ба монанди омодасозӣ, истеҳсолӣ ва ҷамъбастӣ фаро мегирад.

7.5 Воҳидҳои корӣ ва ё кадрҳо дар идоракунӣ

Ҳар як ташкилот аз маъмурият ва теъдоди муайяни кормандон иборат мебошад, ки онҳоро дар якҷоягӣ ҳайати корӣ ё воҳидҳои корӣ ва ё кадрҳо меноманд. Кадрҳо (воҳидҳои корӣ) вазифаҳои идоракуниро амалӣ месозанд ва ё ба амалишавии онҳо мусоидат мекунанд.

Дар амал гуруҳбандии гуногуни кадрҳои идоракунанда мавҷуд аст, ба монанди: аз рӯи аломати вазифавӣ / мансабӣ; аз рӯи зинаҳо дар идоракунии намуди иерархӣ (зинабандӣ); аз рӯи бахшҳои истеҳсолотӣ ва ғайра. Аммо гуруҳбандии заминавӣ – гуруҳбандии кормандон ҳангоми (дар ҷараёни) қабул ва амалигардонии қарорҳо мебошад. Аз рӯи ин аломат воҳидҳои корӣ ба се гуруҳҳои зерин ҷудо мешаванд:

– Роҳбарикунанда – шахсоне мебошанд, ки гуруҳи муайяни кормандонро роҳбарӣ ва фаъолияти онҳоро дар самти амалисозии вазифаҳо ва мақсадҳои гузошташуда назорат ва танзим менамоянд, инчунин кори тамоми дастгоҳи идоракунӣ ва ё бахшҳои алоҳидаи онро пеш мебаранд ва ҳамоҳанг месозанд.

– Ҳамзамон, роҳбарон ба ду гуруҳ амудӣ ва амалӣ ҷудо мешаванд:

– роҳбарони амудӣ роҳбарии умумиро бо принсипи иерархӣ – яккароҳбарӣ ба уҳда дошта, ба пешбурди фаъолияти асосии ташкилот масъулият доранд;

– роҳбарони амалӣ роҳбарии зерсохторҳо, бахшҳо ва ё намояндагиҳои ташкилотро аз рӯи ҳудуд ва ё маҳсулот / соҳаи муайян бар уҳда доранд.

– Мутахассисон – шахсони тахассуснок буда, ба таҳияи масъалаҳои вазифавии хусусияти истеҳсолӣ ва идоридошта масъул мебошанд. Мутахассисон аз рӯи вазифаҳои идоракунӣ ва касбият гуруҳбандӣ мешаванд: сармутахассис; мутахассиси пешбар; мутахассис. Ба ин гуруҳ метавон муҳандисон, иқтисодчиён, муҳосибон, ҳуқуқшиносон ва ғайраро шомил намуд;

Конец ознакомительного фрагмента.

Купите полную версию книги и продолжайте чтение
Купить полную книгу