Сохтори лоиҳавӣ аз ҷониби роҳбаре, ки ба зинаи болоӣ (дастгоҳи фармоишгар) тобеъ аст, идора карда мешавад.

Бинобар хусусияти муваққатӣ доштан, муҳлати фаъолияти сохтори лоиҳавӣ маҳдуд мебошад. Зимни ба анҷом расидани вазифаҳои вогузогардида, фаъолияти ин сохтор / лоиҳа низ хотима меёбад, кормандони он бошад, ба корҳои доимӣ ва ё дигар лоиҳаҳо мегузаранд.

Ҷадвали 10



Камбудии сохтор дар он аст, ки ҳайати кормандон ба ду зина тобеъ мебошанд: маъмурияти ташкилот ва роҳбарияти лоиҳа.

Сохтори қолибӣ

Сохтори намуди мазкур сохтори гуногуншакли лоиҳавӣ буда, аз ду қолиби дученака иборат мебошад. Яке аз ин ченакҳо ин гуруҳи кормандон ва маҷмӯи василаҳо, ки аз ҳисоби воҳидҳои зерсохтории ташкилот барои амалисозии лоиҳаҳои инноватсионӣ ҷудо гардидаанд ва дигаре худи лоиҳаҳо мебошанд (Ҷадвали 11).

Ҷадвали 11



Дар ҳар як сохтори лоиҳавӣ принсипи ҳамоҳангсозии дутарафа: аз ҷониби роҳбарияти ташкилот ва роҳбарияти лоиҳа ҳукмрон мебошад, ки он низоми идоракунии яккаҳукмрониро вайрон мекунад, аммо дар фаъолият фасеҳият ва фаврият дастёб мегардад, ки хоси услуби идоракунии муваффақ мебошад.

Дар сохтори қолибӣ бо пайдо шудани лоиҳаҳо азнавтақсимкунии захираҳои меҳнатӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар мисоли Тоҷикистон ин намуди идоракунӣ ба фаъолияти марказҳои лоиҳавии соҳавӣ (назди мақомоти идоракунии давлатӣ) ва гуруҳҳои корӣ оид ба таҳияи барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ шабоҳат дода мешавад.

7.4 Вазифаҳои идоракунии иҷтимоӣ

Вазифаҳои идоракунӣ намудҳои махсуси фаъолиятро ташкил дода, аз самтҳо ва ё марҳалаҳои таъсиррасонии мақсаднок ба робитаҳо ва муносибатҳои одамон дар ҷараёни фаъолияти ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунӣ иборат мебошад.

Таркиби вазифаҳои идоракунӣ бояд дигаргуншавии самараноки низоми идоракунандаро вобаста ба ҳар як вазъ ва ҳолати тағйироти он таъмин созад.

Вазифаҳои идоракуниро зарур аст, ки бо назардошти аломатҳои таснифии он: хусусиятнокии ҷараёни идоракунӣ (баррасии он ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ ва ташаккулдиҳандаи қонунҳо ва қонунияти идоракунӣ) ва ҷараёни рушди иҷтимоӣ (самтнокии идоракунӣ ба ҷузъҳои ҳамин ҷараён ва ё фаъолияти ҳаёти ҷамъиятӣ) баррасӣ намуд.

Ҳамин тариқ, вазифаҳои асосии идоракунӣ иборатанд аз:

– Банақшагирӣ, инчунин пешгӯӣ – шакли таъсиррасонии мақсаднокро ба гуруҳи одамон бо роҳи таҳия (коркард) ва гузоштани (масъалагузории) мақсад ва вазифаҳои марбут ба идоракунии иҷтимоӣ, ҳамчунин муайян намудани роҳу усулҳо ва воситаҳои амалисозии нақшаҳо ҷиҳати бадастории мақсадҳои гузошташуда, ташкил медиҳад;

– Ташкилот – шакли таъсиррасони мақсаднок ба гуруҳи одамон буда, бо роҳи таъсиси сохторҳои нави идоракунӣ ва танзими сохторҳои амалкунандаи идоракунӣ ҳамчун ҷузъи ҷараёни татбиқи нақшаҳо ва вазифаҳои идоракунии иҷтимоӣ, амал менамояд;

– Ҳамоҳангсозӣ ва ё батанзимдарорӣ – шакли таъсиррасонии мақсаднокро ба гуруҳи одамон бо роҳи таъмин намудани мувофиқати амалҳои зарурӣ ҳамчун ҷузъи ҷараёни амалисозии мақсадҳои гузошташуда, ба амал мебарорад;

– Ҳавасмандсозӣ, фаъолнокӣ ва омӯзиш ва дастурдиҳӣ – шакли таъсиррасонии мақсаднокро ба одамон бо роҳи шавқманд ва омода сохтани (омӯзиши) онҳо ба амалҳои мусоидаткунанда ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии низоми идоракунӣ ҳамчун ҷузъи ҷараёни амалисозии мақсадҳои гузошташуда, пеш мегузорад;

– Назорат ва ё таҳлил ва баҳисобгирӣ – шакли таъсиррасонии мақсаднокро ба гуруҳи одамон бо роҳи мушоҳидаи бонизом ба фаъолияти онҳо ҷиҳати муайян намудани дуршавӣ аз меъёрҳо, қоидаҳо ва талаботи муқарраршуда дар ҷараёни амалисозии мақсадҳои гузошташуда, ташкил медиҳад.

Ин вазифаҳо асосан дар якҷоягӣ ва робитаи мутақобила амал мекунанд, аммо гузариш аз як сатҳи идоракунии иҷтимоӣ ба дигар сатҳ ба тағйир додани таносуби таркиби онҳо боис мегардад.