Ҳамин тариқ, субъекти идоракунӣ ин низоми маъмурии корхона – роҳбар (ият) и корхона, ки ҳуқуқ ва ваколати ҳукмфармоӣ, фармоиширо соҳиб аст ва дастгоҳи идоракунии он, ки ба ташкил ва амалисозии таъсирҳои идоракунӣ машғул мебошад, дониста мешаванд.
Объект бошад, кормандони алоҳида, гуруҳҳои кормандон ва дастгоҳи истеҳсолиро, ки ба онҳо таъсирҳои (фармоишҳои) идоракунӣ равона (муқаррар) гардидаанд, фаро мегирад.
Бо як ифода дар муносибати идоракунӣ субъект ин фаромишдиҳанда, идоракунанда ва объект иҷрокунанда, идорашаванда мебошад.
Байни субъект ва объекти идоракунӣ ва ё кордиҳанда ва корманд робитаҳои мустақим ва бозгашти хусусияти иттилоотидошта ҷой доранд. Ин робитаҳо тибқи назарияи Ф. Тейлор ба принсипҳои зерин асос меёбанд:
– Тақсимоти банақшагирӣ ва иҷрои кор – тақсимбандии меҳнат, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо байни роҳбар ва корманд, ки мақсади он ташкил намудани зинабандии (иерархияи) идоракунӣ дар ташкилот мебошад;
– Уҳдадорӣ аз рӯи вазифаҳо – тақсими баробари вазифаҳо ва уҳдадориҳо (аз ҷониби роҳбар) байни тамоми кормандон бо назардошти қобилияти амалии онҳо, то ин ки адолат ва сифати меҳнат таъмин карда шавад;
– Таҳқиқи таркиб ва вақти корӣ – ҳар як амал дар алоҳидагӣ ва маҷмӯи амалҳо / корҳо аз рӯи таркиб, пайдарпайӣ ва вақти муайяншуда бо мақсади дастёбӣ ба муваффақиятҳои меҳнатӣ-истеҳсолӣ зимни таҳқиқ қарор дода мешаванд;
– Мукофоти пулӣ – корманд бояд аз рӯи иҷрои нақшаи (вазифаи) муқарраршуда маош гирад: аммо корманде, ки маҳсулнокии меҳнатиаш зиёд аст ва нақшаи гузошташударо барзиёд иҷро мекунад, бояд ҳавасманд гардонида шавад – дар баробари маош боз мукофоти пулӣ гирад; мутаносибан корманде, ки мунтазам уҳдадории нақшавӣ / истеҳсолии худро иҷро менамояд, маоши ӯ нисбат ба кормандони натиҷаи пастдошта бояд зиёд бошад. Яъне василаи далелнокӣ ва ё ҳавасмандгардонӣ дар ин ҷо ба даст овардани маблағи зиёд ба ҳисоб меравад. Аммо ин назари Тейлор ба назари Г. Гант мухолифат дорад – ӯ назареро пеш гузоштааст, ки маоши корманд новобаста аз ҳаҷми иҷрои нақша / уҳдадорӣ бояд ҳадди устувор (тағйирнаёбанда) дошта бошад;
Ин ду назарро агар таҳлил намоем, пас назари Тейлор хоси принсипҳои демократии идоракунӣ буда, назари Гант мансуби принсипҳои сотсиалистии идоракунӣ арзёбӣ мегардад.
– Интихоб (хостагирӣ) ва таълим – асоси фаъолияти ташкилотро кадр / воҳиди корӣ (мутахассис, корманд) ташкил медиҳад, бинобар ин интихоб, ҷобаҷогузорӣ, омодасозӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос, малака ва таҷрибаомӯзии кадрӣ мавриди омӯзиши махсус қарор дода мешавад.
7.3 Сохторҳои намунавии (қолибии) идоракунии иҷтимоӣ
Идоракунии иҷтимоӣ чун дигар низомҳо аз рӯи нишонаҳо ба якчанд сохторҳои намунавӣ ҷудо мешавад. Аммо бо назардошти таҷриба онҳоро метавон ба ду гуруҳ: 1) аз рӯи хосияти робитаи мутақобилаи ҷузъҳои низоми идоракунӣ-ташкилӣ; ва 2) таркиби ҷузъҳои низоми идоракунӣ-ташкилӣ ҷудо намуд.
Аз рӯи хосияти робитаи мутақобилаи ҷузъҳои идоракунӣ – муносибатҳо байни субъект ва объекти идоракунӣ бо тартиби зинабандӣ ва аз рӯи вазифаҳо / уҳдадориҳо ба роҳ монда мешаванд. Дар инҷо асоси фаъолиятро робита ташкил медиҳад.
Аз рӯи таркиби ҷузъҳои идоракунӣ – муносибатҳо байни субъект ва объекти идоракунӣ бо тартиби зинабандӣ аз рӯи истеҳсоли маҳсулот ва ё ҳудуд ба роҳ монда мешавад. Дар инҷо робита муҳим нест; муҳим, рушди фаъолияти истеҳсолӣ ва таъсирнокии ташкилот дар ҳудудҳои муайян арзёбӣ мегардад.
Мутобиқи хосияти робитавии ҷузъҳо сохторҳои идоракунии иҷтимоӣ ба чор гуруҳ ҷудо мешаванд: патриархалӣ (падаршоҳӣ / оддӣ); аммудӣ; амалӣ; ва амудӣ-амалӣ.
Аз рӯи таркиби ҷузъҳо низ, сохторҳо ба чор гуруҳ ҷудо мегарданд: сохтор дар заминаи воҳидҳои стратегӣ; дивизионӣ; лоиҳавӣ; ва қолибӣ (матрисавӣ).