Сохтори патриархалӣ ва ё оддӣ
Намуди сохтори идоракунии оддӣ аз роҳбар ва якчанд корманд (2—15 нафар) иборат мебошад. Сохтор аз рӯи усули тақсимоти дуқишрӣ роҳбар ва зертобеон амал мекунад, ки он асосан барои ташкилотҳои хурд мувофиқ мебошад. Дар чунин сохтор ҳамаи ҳайат тобеи як нафар мебошанд, ки онро ба принсипи яккаҳукмронӣ низ шабоҳат додан мумкин аст (Ҷадвали 4).
Ҷадвали 4
Камбудии ин намуди сохтор ба он асос меёбад, ки онро наметавон барои ташкилоти миёна ва бузург бо фарогирии теъдоди зиёди кормандон истифода бурд, зеро ин принсип ҳам барои ташкилоти хурд ва ҳам бурузрг ношоям мебошад.
Сохтори амудӣ
Сохтор намуди амудӣ шакли рушдёфтаи сохтори намуди патриархалӣ буда, ба ҳар як роҳбар теъдоди муайяни кормандон бо принсипи иерархӣ – «аз боло ба поён» тобеъ мебошанд. Яъне, дар сатҳи аз ҳама болои ташкилот як роҳбар, дар сатҳи дуюми маъмурӣ 2—3 роҳбар ва ғайра бо ҳамин тартиб ҳар як роҳбар зертобеони худро дошта, дар сатҳи аз ҳама поён тобеон ҳамчун иҷрокунанда барои татбиқи вазифаҳои муайян бевосита амал мекунанд (Ҷадвали 5).
Робитаҳои амудӣ бо тартиби тобеияти зинабандишуда ба роҳ монда мешаванд. Сохторҳо аз рӯи сатҳ ва ҳудуд ба якдигар тобеъ мебошанд: поёнӣ ё маҳаллӣ ба миёна ё минтақавӣ, миёна ба болои ё марказӣ (ҷумҳуриявӣ).
Дар ин намуди сохтор принсипи яккаҳукмронӣ нигоҳ дошта шуда, як нафар масъулияти ҳамаро ба душ гирифта, дигар роҳбарон ва тобеонро сарварӣ мекунад. Дар ин гуна сохтор ҳар як роҳбар бояд мутахассис, тахассуснок буда, донишу малакаи заруриро соҳиб бошад.
Ҷадвали 5
Камбудии ин сохтори идоракунӣ ба набудани принсипи фасеҳӣ (гибкост) ва мутобиқшавӣ асос меёбад, ки монеаи рушди ташкилот дар ҳалли масъалаҳои маҷмӯӣ мегардад. Инчунин, он ба тахассуснокии роҳбарон талабот ва сарбории зиёд пеш меорад.
Новобаста аз ин, ташкили корхонаҳои хурд ва фаъолияти соҳибкорӣ аз ҳамин намуди сохторҳо оғоз мегарданд, сипас бо мурури инкишоф ёфтан бо дигаргунсозии сохтор ба намуди дигари сохтори идоракунӣ мепардозанд.
Сохтори намуди амалӣ
Ташкилот барои амалисозии фаъолият аз рӯи вазифаҳо / уҳдадориҳои муайян якчанд воҳидҳои сохториро ташкил медиҳад. Ҷиҳати самранокии (роҳбарии) фаъолият байни ин воҳидҳо ва маъмурияти ташкилот робитаи тобеият муқаррар карда мешавад. Ин воҳидҳоро дар таҷриба бахши молия, хоҷагидорӣ, харидорӣ, истеҳсолот ва ғайра ташкил медиҳанд (Ҷадвали 6).
Дар сурати дар сатҳи хуб ба роҳ мондани фаъолияти ҳамоҳангсозӣ воҳидҳои сохторӣ ба аз байн бурдани амалҳои такрорӣ ва паст кардани хароҷоти истеъмолӣ мусоидат менамояд. Инчунин, ин сохтор ба баланд гардидани сифати қарорҳои идорӣ ва тахассуснокии фаъолият имкон медиҳад.
Ҷадвали 6
Камбудии ин намуди сохтор: вайрон гардидани принсипи яккаҳукмронӣ, зеро ҳар як иҷрокунанда дар як вақт метавонад аз якчанд роҳбар, ки вазифаҳои гуногунро бар уҳда доранд супориш гирад; суръати пасти қабули қарорҳо; ва масъул набудани роҳбарони амалӣ ба натиҷаи ниҳоии ташкилот.
Дар баробари ин, сохтори намуди амалӣ зимни рушд ёфтани имкониятҳо барои бадастории ҳадафҳои нисбатан васеъ номуносиб арзёбӣ мегардад. Чунки мавриди баромадни ташкилот ба бозори ҷаҳонӣ, мувофиқан васеъ гардонидани имконияти хизматрасонӣ ва маҳсулот байни воҳидҳои сохторӣ ва дар умум дар таркиби ташкилот зиддияти манфиатҳо афзоиш меёбад.
Ин намуди сохтор маъмулан дар алоҳидагӣ (танҳоӣ) истифода бурда намешавад, дар бисёр ҳолатҳо он дар якҷоягӣ бо сохтори намуди амудӣ ҳамчун сохтори амудӣ-амалӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.
Сохтори амудӣ-амалӣ
Дар ин намуди сохтори идоракунӣ бофташавии усулби амалигардонии вазифаҳои махсусгардонидашудаи маҳдуд бо низоми масъулиятнокӣ ва тобеият дар ҳалли бевоситаи вазифаҳои намудҳои асосии фаъолият ба кор медарояд (Ҷадвали 7).