Ин навъи сохторе мебошад, ки дар ҳамгироии усулҳои идоракунии патриархалӣ ва амалӣ низоми нисбатан муътадили идоракуниро ташкил медиҳад.

Ҷадвали 7



Чӣ тавре дар боло оварда шуд, сохторҳои намунавии идоракунӣ аз рӯи таркиби ҷузъҳо ба чор гуруҳ: сохтор дар заминаи воҳидҳои стратегӣ; дивизионӣ; лоиҳавӣ; ва қолибӣ (матрисавӣ) ҷудо мегарданд.

Сохтор дар заминаи воҳидҳои стратегӣ

Дар ҳолате, ки ташкилот ба ниҳоди бузург табдил меёбад ва дар сохтори он бахшҳои зиёди мустақил ва соҳаи (самти) фаъолияти наздик ва ё ягонадошта амал менамоянд, зарурат пайдо мегардад, ки барои ҳамоҳангсозӣ ва таъмини маҳсулнокии фаъолияти онҳо воҳидҳои байнисоҳавӣ ташкил карда шаванд. Воҳидҳои байнисоҳавӣ дар як вақт нақши мақоми пайвасткунандаро байни роҳбарият ва бахшҳои истеҳсолӣ иҷро менамояд. Одатан чунин идораҳо аз ҷониби муовин (он) и роҳбар, ҳамчун маъсули қисми идории ташкилот ҳамоҳанг сохта мешаванд (Ҷадвали 8).

Сохтор дар заминаи воҳидҳои стратегӣ сараввал ҳамчун сохтори амудӣ-амалӣ буда, бо мурури васеъ гардидан сохтори худро тағйир медиҳад.

Ин намуди сохтори идоракунӣ дар навбати худ, ҳамчун усули ҳалли низоҳо баррасӣ мегардад, ки дар он воҳидҳои соҳавӣ аз ҳисоби бахшҳои поёнӣ воҳидҳои гуногуни самтнокро, ба монанди бахшҳои истеҳсолӣ, таъминотӣ, муҳандисӣ, баҳисобгирӣ ва ғайра ташкил медиҳанд ва фаъолияти онҳоро аз рӯи самтҳои махсуси муайяншуда ҳамоҳанг месозанд.

Ҷадвали 8



Сохтори девизионӣ

Ташкилот ва ё корхона ҳангоми бузург шудан механизмҳои гуногуни таъминкунандаи самаранокии фаъолиятро ҷустуҷӯ менамояд, аз ҷумла яке аз чунин механизмҳо ташкили намояндагиҳо дар маҳалҳои фаъолият ба ҳисоб меравад (Ҷадвали 9).

Сохтори девизионӣ маҳз ба ҳамин нуқта асос меёбад – дар он сохтори идоракунӣ на ба вазифаҳо ва на ба самтҳо, балки ба ҷузъҳо ё намояндагиҳо аз рӯи принсипи ҳудудӣ ҷудо мешавад. Дар ин намуди идоракунӣ ҳар як намояндагӣ масъулияти хос дошта, ҳамчун корхонаи минатқавӣ ва ё ҳудудӣ-истеҳсолӣ муқаррар мегардад ва дар навбати худ дар роҳи таъмини самаранокии фаъолият ва ба даст овардани даромад ба бахшҳои истеҳсолӣ, таъминотӣ, маркетингӣ ва ғайра ҷудо мешавад. Дар корхонаҳои ҳудудӣ роҳбар ба рушди фаъолияти дар ҳудуди муайян ва таъмини даромаднокии он масъул мебошад.

Сохтори девизионӣ бештар ба ташкилотҳои истеҳсолии бузург (Газпром, Coca-Cola, DHL, Samsung ва ғ.) мувофиқ аст, бо ташкили намояндагиҳои ҳудудӣ он хароҷоти нақлиёт, нигоҳдории маҳсулот ва кирои кормандонро, ки маблағи хеле зиёдро ташкил медиҳад, сарфа мекунад. Дар баробари ин, ташкилот тавассути намояндагиҳо имконият пайдо мекунад, ки талаботи бозори маҳаллӣ ва ё минтақавиро муайян карда, маҳсулоти мувофиқро ба он таъмин намояд; бо ин роҳ низ самаранокии фаъолияти молиявӣ таъмин мегардад.

Ҳамчунин, корхонаҳои ҳудудӣ барои омодасозӣ ва таҷрибаомӯзии кадрӣ майдони муносибе мебошанд, ки дар он агар роҳбар уҳдабаро нагардад, ба ташкилот зарари зиёд намерасад, зерои захираи кадрӣ дар ин сохтор зиёд аст.

Дар ташкилотҳои бузургтар сохторҳои дивизионӣ дар шакли омехта низ пайдо мегарданд. Он вақт ҳар як корхонаи ҳудудии минтақавӣ ба бахшҳои маҳсулоттаъминкунӣ ҷудо мешавад ва бахши маҳсулоттаъминкунӣ дар навбати худ, ба бахшҳои ҳудудии маҳаллӣ ҷудо шуда, фаъолияти хоси худро ба иҷро мерасонанд.


Ҷадвали 9



Ҳар як маҳсулот тибқи ин низом тартиботи муайяни амалисозиро соҳиб мебошад: 1) тадқиқот ва таҳия; 2) истеҳсолот; ва 3) фурӯш ва таъминот. Ҳар яке аз ин зинаҳо сохтори муносиби идоракуниро низ соҳиб мебошанд.

Камбудии ин сохтор ба мураккаб будани робитаҳои иттилоотӣ асос меёбад.

Сохтори лоиҳавӣ

Барои рушди фаъолияти идоракунӣ дар шароити иқтисоди бозоргонӣ ҳолатҳое пешорӯ мегарданд, ки зарурати ташкили гуруҳ ва ё ташкилоти муваққатиро иборат аз мутахассисон ва ё коршиносони ботаҷриба барои амалисозии вазифаҳои муайян (одатан, таҳияи механизми инноватсионии идоракунӣ ва ё коркард ва озмоиши маҳсулоти нав ва ё дастгоҳи истеҳсолӣ) пеш меоранд. Дар умум ин намуди сохтори намунавиро сохтори лоиҳавӣ меноманд, чун вазифаҳои муайянгардида дар шакли лоиҳа таҳия гардида, сипас ба гуруҳи муайяни мутахассисон фармоиш дода мешавад (Ҷадвали 10).