– Истифодаи бошууронаи қонунҳо ба чӣ имкон медиҳад?
– Қонуни сарфаи вақт чиро тавсиф мекунад?
АДАБИЁТҲО ВА ДИГАР МАНБАҲОИ МАЪЛУМОТ
– Бюрократия [Маводи электронӣ]. – Тарзи дастрасӣ: http://files.school-collection.edu.ru/dlrstore/ae0daf13-6994-8c34-4650-df58c4a0231e/1012512A.htm
– Виды социальных норм [Маводи электронӣ]. – Тарзи дастрасӣ: http://legalmap.ru/articles/kp/norma/vidy-sotsialnykh-norm/
– Гостенина В. И. Социология управления [Матни аслӣ]: Учебное пособие. Стандарт третьего поколения. – СПб.: Питер, 2013. – 368 с.
– Раззоқов Б. Ҳ. Идораи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои ҳуқуқии назария ва амалия [Матни аслӣ]. – Душанбе: «Ирфон». – 2007. – 236 с.
– Тощенко Ж. Т. Социология управления. Учебник. [Матни аслӣ] – М.: Центр социального прогнозирования и маркетинга, 2011. – 300 с.
– Яковлева Т. Н. Социология управления [Матни аслӣ]: учебно-методическое пособие для бакалавров – Астрахань: Астраханский государственный университет, Издательский дом «Астраханский университет», 2013. – 216 с.
§7. ҶУЗЪҲОИ (ЭЛЕМЕНТҲОИ) АСОСИИ
НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ИҶТИМОӢ
Идоракунии иҷтимоӣ, ки ҷараёни таъсиррасонии мутақобилаи кормандонро (одамонро) ба якдигар фаро мегирад, худ ба худ низом ва ё системаи муносибатҳоро ташкил медиҳад.
Низоми идоракунии иҷтимоиро метавон ба 5 қисматҳо ва ё ҷузъҳои (элементҳои) хос ҷудо намуд:
Низоми идоракунӣ ин шакли татбиқи амалҳои мутақобила ва рушди муносибатҳои идоракунӣ мебошад, ки ба қонунҳо ва принсипҳои идоракунӣ асоснок мегардад.
7.1 Механизми идоракунӣ
Механизми идоракунӣ бо роҳи истифодаи қонунҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои амалисозии сиёсати муайяни иҷтимоӣ-иқтисодӣ ташаккул меёбад. Механизми идоракунӣ барои расидан ба мақсадҳои муайян аз ҷониби гуруҳи одамон (маъмурон ва кормандон) ташкил ва тағйир дода мешавад, ки ба ин восита маҷмӯи вазифаҳо, шакл, усул, василаҳо ва ҳавасмандиҳои вобаста ба идоракунии иҷтимоӣ ба танзим дароварда мешаванд. Ин муносибат имкон медиҳад, ки самаранокии идоракунии иҷтимоӣ дар шароитҳои муайян ва гуногуни ҳаётӣ таъмин карда шавад.
Сатҳу сифати механизми идоракунии иҷтимоӣ, ташаккулёбӣ ва мутобиқати он ба талаботи низоми иҷтимоӣ ва қонунҳои иқтисодӣ аз маъмурон ва маҳорати онҳо оид ба дарёфт ва баҳогузорӣ карда тавонистани ҷузъҳо ва робитаҳои нисбатан муҳими муносибатҳои идоракунӣ, хусусиятҳои зоҳиргардӣ ва самарабахшии онҳо дар самти рушди равндҳои ошкоршуда вобастагӣ дорад.
Механизми идоракуниро ба се самт: 1) иқтисодӣ, 2) ташкилӣ ва 3) иҷтимоӣ-фарҳангӣ ҷудо кардан мумкин аст, ки робитаи мутақобилаи онҳо бар асоси талаботи низоми қонунҳои рушди иҷтимоӣ ва идоракунӣ ташаккул меёбад (Ҷадвали 3).
Ҷадвали 3
Дар умум механизми идоракуниро сиёсати идоракунӣ низ гуфтан мумкин аст, зеро он асосан ҷараён, падида ва муносибатҳои сиёсӣ-маъмуриро зимни пешбурди фаъолияти ташкилию амалӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ташкилот дар маҷмуъ амалӣ мегардонад.
Субъект ва объекти идоракунӣ
Идоракунӣ дар ҷараёни таъсиррасонии мустақими як шахс ба шахси дигар ташкил меёбад; ки он ба муносибатҳои субъективӣ – муайянкунандаи самтҳо, мақсадҳо, вазифаҳо ва натиҷаҳои фаъолият; ва обективӣ – амалисозанда ва ё иҷрокунандаи ҷузъҳои муайяншуда ҷудо мешавад.
Бояд иброз намуд, ки агар идоракунӣ зимни таъсири як шахс ба шахси дигар ташкил ёбад, пас идоракунии иҷтимоӣ бо таъсиррасонии мутақобилаи ҳар ду ҷониб, ҳам субъект ва ҳам объект ба вуҷуд меояд. Тафсири дигар он аст, ки зимни идоракунӣ вазифаҳои субъект ва объект мушаххас мебошанд, аммо дар идоракунии иҷтимоӣ объект дар ҳолатҳои муайян метавонад ҳамчун субъект баромад намояд (шинохта шавад).