Яке аз нуқтаҳо ва ё имкониятҳои муҳими фароҳамгардида ин иштироки иттиҳодияҳои мустақили ҷамъиятӣ / одамон дар идораи сиёсии кишвар мебошад. Ин муносибат ба таври васеъ дар қонунгузории ҷумҳурӣ оварда шудааст. Аз ҷумла, дар баробари ҳизбҳои сиёсӣ ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон имконият дода шудааст, ки номзадҳои хешро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон пешбарӣ намоянд.
Тоҷикистон бо назардошти принсипҳои демократии идорӣ сохти идоракунии бисёрҳизбӣ дошта, ғояҳои сиёсӣ ва ташаббусҳои одамонро дар ташкили ниҳодҳои мустақили сиёсӣ дастгирӣ менамояд, зимнан гуруҳи муайяни одамон имкон доранд, ки бо ташкили ҳизби сиёсӣ дар идораи сиёсии давлат иштирок намоянд.
Дар сатҳи ҷумҳурӣ яке аз ниҳодҳои муҳими ҷамъиятӣ, ки манфиатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иттиҳодияҳои ҷмаъиятиро дар алоҳидагӣ муаррифӣ менамояд ва пеш мебарад, ин Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон мебошад.
Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон – мақоми намояндагӣ, экспертию машваратӣ ва ҳамоҳангсоз буда, иштирокчиёни Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистонро, ки мутобиқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳдномаҳои байналхалқии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда, Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ва Низомномаи хеш амал мекунад, муттаҳид месозад. Шӯрои ҷамъиятӣ ҳамчун нерӯи муттаҳидкунандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ 9 марти соли 1996 дар асоси Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Вазифаҳои асосии Шӯрои ҷамъиятӣ: таъмини гуфтушуниди доимии қувваҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ барои ба даст овардани тавозуни манфиату ақидаҳо; амалӣ намудани хулосаҳои экспертӣ, таҳлили вазъияти иҷтимоӣ, сиёсию иқтисодии ҷомеа ва тағйироту таҳаввулоте, ки дар он ррӯй медиҳад; таҳияаи барномаҳо, консепсия ва пешниҳодоте, ки барои ноил шудан ба сулҳу ризоияти ҷомеа дар Тоҷикистон равона карда шудаанд; ҷустуҷӯ ва барқарор намудани шаклҳои нави ҳамкории иштирокчиёни Аҳднома ва дигар тарафҳои манфиатдор дар татбиқи Аҳдномаи ризоияти ҷомеа, мебошад. Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Иттифоқи касаба – ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрие мебошад, ки шаҳрвандонро аз лиҳози манфиатҳои умумӣ дар соҳаҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёнаш муттаҳид менамояд. Иттифоқҳои касаба ба таври муттамарказ дар сохтори тамоми ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ҳуқуқию сохторӣ, аз ҷумла институтҳои давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои истеҳсолӣ фаъолият намуда, ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии кормандон ва коллективҳои меҳнатиро ҳифз мекунад ва пеш мебарад.
Иттиҳодияи ҷамъиятӣ – тибқи қонунгузорӣ иттиҳоди ихтиёрӣ, худидора ва ғайритиҷоратии шаҳрвандон мебошад, ки дар асоси умумияти манфиатҳо барои амалӣ намудани мақсадҳои муайян муттаҳид гардидаанд. Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 2400 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар самтҳои гуногуни фаъолият ва муттаҳидкунандаи одамон дар татбиқи ҳадафҳои муайяни хеш амал менамоянд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъруф ва машҳури Тоҷикистон бо номи Иттифоқи журналистон, Иттифоқи ҷавонон, Иттифоқи расомон, Ассотсиатсияи волонтёрон, Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносон ва ғайра шинохта мебошанд, ки ҳар кадом дар маҳалҳо намояндагиҳо ва аъзои зиёди худро доранд.
Ҳизби сиёсӣ – тибқи қонунгузорӣ идтиҳодяи ҷамъиятие, ки вазифаи асосиаш иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ташаккул додани иродаи сиёсии шаҳрвандон ва инчунин ба амал баровардани ҳокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад.
Айни замон дар Тоҷикистон 7 ҳизбҳои сиёсии зерин фаъолият мекунанд:
– Ҳизби демократии Тоҷикистон