– Сохтори идории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
– Ҷомеаи шаҳрвандӣ ба идоракунии давлатӣ чӣ рабт дорад?
– Ҳамчун мактаби таълимию илмии идоракунии Тоҷикистонро кадом муассиса муаррифӣ менамояд?
АДАБИЁТ ВА ДИГАР САРЧАШМАҲОИ МАЪЛУМОТ
– Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №4 қисми 2, мод.344
– Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №22, мод. 300
– Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, №5, мод. 363; соли 2008, №3, мод. 202; соли 2010, №7, мод. 554; соли 2013, №3, мод.202
– Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011, №7—8, мод.611
– Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №13, мод. 195; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №9, мод. 238; соли 2005, №12, мод.626.
– Дар бораи донишкадаи мо. [Маводи электронӣ]. / Тарзи дастрасӣ: http://did.tj/index.php?newsid=155
– Иерархия власти в СССР и их пространственная структура. / Тарзи дастрасӣ: http://www.libertarium.ru/l_knig_ier
– Қодиров Д. С. Марҳилаҳои ташаккулёбии илми идоракунии давлатӣ. /Маҷаллаи «Идоракунии давлатӣ» 2015 (2). – Душанбе: Шарқт озод, 2015. – С. 62—71
– Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
– Мавлоназаров С. С. Самарабахшии технологияи иттилоотӣ дар идоракунии давлатӣ. /Маҷаллаи «Идоракунии давлатӣ» 2015 (2). – Душанбе: Шарқи озод, 2015. – С.153—158
– Политические партии Таджикистана. / Тарзи дастрасӣ: http://www.quickiwiki.com/ru/
– Раззоқов Б. Ҳ. Идораи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои ҳуқуқии назария ва амалия. – Душанбе: «Ирфон». 2007.-236 с.
– Саидов А. Т. Хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (андешаҳо, дурнамо). – Душанбе: «Шарқи озод», 2006. – 128 с.
– Тощенко Ж. Т. Социология управления. Учебник. – М.: Центр социального прогнозирования и маркетинга, 2011. – 300 с.
– Шосаидов С. Ҳ. Идоракунии низоъҳо дар корхонаҳо: тавсифи умумӣ. /Маҷаллаи «Идоракунии давлатӣ» 2015 (2). – Душанбе: Шарқи озод, 2015. – С.39—49
– Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақом ва нақши он дар муттаҳид кардани ҷомеаи Тоҷкикстон. / Тарзи дастрасӣ: http://www.shuro.tj/
§3. МАВЗУЪ, МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ
3.1 Мафҳумҳо ва мақсади сотсиологияи идоракунӣ
Сотсиологияи идоракунӣ чун дигар илмҳо мавзуъ, мақсад ва вазифаҳои хоси худро соҳиб мебошад.
Мавзӯи илм ин маҷмӯи мафҳумҳое мебошад, ки ба воситаи онҳо ҳақиқати воқеӣ (объективӣ) тавсиф карда мешавад. Зимнан, сотсиологияи идоракунӣ соҳаи муносибатҳои идоракунии дар ҷамъият дар ҳар давраи муайяни таърихӣ пайдошударо меомӯзад.
Умуман илми идоракунӣ васеъ буда, он аз ҷониби соҳаҳои гуногун, ба монанди равоншиносӣ, ҳуқуқшиносӣ, педагогӣ, иқтисодӣ ва ғайра ба таври муназзам омӯхта мешавад. Аммо ин ҷо ин илм дар шакли маҳдуд, яъне қисмати иҷтимоии он дар алоҳидагӣ мавриди омӯзиш қарор дода шавад. Вале ин маънои онро надорад, ки ҳангоми таҳлил, баррасӣ ва омӯзиши он соҳаҳои дигари идоракунӣ дахл карда намешаванд, зеро ҷамъият, ки объекти асосии сотсиология мебошад, фарогирандаи кулли соҳаҳои идоракунӣ арзёбӣ мегардад.
Ба омӯзиши идоракунӣ олимони зиёд саҳм доранд, аммо яке аз муваффақтаринҳо дар ин самт М. Вебер мебошад, ки назариёти ӯ ба ҷараёни низоми идоракунии имрӯза низ муносиб арзёбӣ мегардад. Мувофиқи назариёти М. Вебер оид ба ҷудокунии нақши бюрократия дар сохтори идоракунӣ истифодаи самараноки ҳамаи намудҳои фаъолияти гуруҳӣ ва рушди низоми қоидаҳои бешахсиятӣ (таъсир надоштани шахсият) дар дохили ташкилот, ки ба идоракунии ҳокимият дар шакли иерархӣ (зинабандӣ) асос меёбад, тавсия гардидааст.
Дар инҷо шахсият манфиатҳои инсонро, ки новобаста аз масъулияти мансабӣ ва ё хизматӣ (нисбат ба ҷомеа ва давлат) ба нафъи худ ва ё баҳри қонеъ гардонидани талаботи бевоситаи худ равона мегардад ифода мекунад.