Мақомоти иҷроияи маҳаллӣ аз ду сохтор: дастгоҳ ва ҷумҳуриявӣ иборат мебошад. Дастгоҳи мақомот дар як вақт дастгоҳи раиси вилоят / шаҳр / ноҳияро ташкил дода, ҳайати он аз ҷониби худи раис таъин мегардад. Сохтори ҷумҳуриявии мақомот бошад, ҳамчун намояндаи соҳаҳои муайян (вазорату идораҳо) дар маҳал сиёсати соҳавиро татбиқ месозад, мувофиқан ташкили ҳайати он дар салоҳияти вазорату идораҳо бо мувофиқаи иақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ мебошад.

Ин сохторҳоро ҳамчунин сохтори идоракунии тарзи амудӣ ва уфуқӣ низ меноманд, ки уфуқӣ – амалҳоро дар худи маҳал ва амудӣ аз ҷумҳурӣ ба маҳал ва ё аз боло ба поён ифода мекунанд.

Боиси зикр аст, ки дар шароити муосири ҷомеа сохтори идоракунии омехта низ амалӣ гардонида мешавад. Дар ин сурат нисбат ба мақомоти болоӣ (вазорату идораҳо) усулҳои ҳамоҳангсозӣ на супоришӣ истифода мегарданд. Буҷет ва ё маблағгузории фаъолият бошад, асосан аз ҳисоби манбаҳо ва салоҳдиди маҳаллӣ ташкил меёбад. Дар ин тарзи идоракунӣ сохти уфуқии идоракунӣ бартарият пайдо мекунад.

Мисол: дар ҷумҳурӣ ҳар ду навъи идоракуниро дар фаъолияти соҳаҳои кор бо занон ва оила ва ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ метавон баррасӣ намуд – соҳаи кор бо занон ва оила тибқи сохтори уфуқӣ ва ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мувофиқи сохтори амудии идоракунӣ амал менамоянд.

Соҳаи кор бо занон ва оила танҳо ваколати пешбурди сиёсат ва ҳамоҳангии сохтори маҳаллиро дошта, ба ҳайати корӣ, буҷет ва фаъолияти хоҷагидории маҳаллии соҳа дахл карда наметавонад. Яъне, ваколати боқимондаро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардонад.

Аммо сохтори ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар баробари пешбурди сиёсат ҳайати корӣ, буҷет ва фаъолияти хоҷагидории маҳаллии соҳаро ташкил карда, мувофиқан ваколат ва василаҳои зиёди идоракуниро соҳиб мебошад.

Ин ҳар ду сохтори идоракунӣ ба худ бартариятҳои хос доранд, аммо айни замон сифат ва маҳсулнокии кор/фаъолият дар сохти амудии идоракунӣ, яъне соҳаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бештар ба назар мерасад.

Мақомоти худидоракунии маҳаллӣ

Дигар сохтори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ин мақомоти худидоракунии маҳаллӣ мебошад, ки он Ҷамоат ном бурда мешавад.

Дар асл фаъолияти идоракуниро агар аз поён ба боло инъикос намоем, пас он маҳз аз ҳамин мақомот манша мегирад (ниг. ба расми поён).

Мувофиқи қонунгузорӣ мақоми худидоракунандаи маҳаллӣ аз ҷониби истиқоматкунандагон маҳаллаҳо дар шакли Ҷамоат (ба монанди Шӯро ё Маҷлис) интихоб мешавад. Ин тартиб бо роҳи пешбарӣ ва интихоби номзадҳои муносиб аз ҳар як маҳалла/кӯча дар алоҳидагӣ сурат мегирад. Раис ва Дастгоҳи Ҷамоат дар навбати худ, аз ҷониби вакилони Ҷамоат интихоб мегарданд. Тамоми шаклҳои ҳуқуқӣ, идорӣ, молиявӣ ва ташкилии фаъолияти Ҷамоат аз ҷониби вакилон муайян мегардад.

Яъне, сохтори Ҷамоат дар муқоиса ба сохтори идоракунии ноҳия, шаҳр ва ё вилоят нисбатан мустақил мебошад. Вале, айни замон ин низоми идоракунӣ каме нуқсон дошта, он аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳукмфармоӣ мегардад.

Ҷадвали 2



2.10 Мақомоти мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ дар сохтори идоракунӣ

Мақомоти мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқро бо назардошти хусусияти амалӣ доштани фаъолияташон ба шохаи иҷроияи ҳокимияти давлатӣ метавон мансуб намуд, гарчанде қисми муайяни онҳо дар пешбурди рисолати худ мустақил мебошанд.

Кормандон ва ё хизматчиёни мақомоти мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ наметавонанд вазифаи дигареро иҷро намоянд, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошанд ва ба соҳибкорӣ машғул шаванд. Яъне, фаъолияти ин мақомоти асосан аз таъмини назорати иҷрои қонунгузорӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ дар байни ҷомеа, мудофиа, ҳифзи марзу бум ва умуман фароҳам овардани шароити бехатари зиндагӣ барои шаҳрвандон ва давлат иборат мебошад. Аз ин рӯ, корманди мақомоти мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ наметавонад дар як вақт ҳам масъули назорат ва ҳам иҷрои амалҳо дар ҷомеа бошанд, зеро ин ду самти гуногуни фаъолият буда, якҷоя кардани онҳо бархурди манфиатҳоро ба вуҷуд меорад, мувофиқан таъсири он ба камсифатии фаъолият ва зифии низоми идоракунӣ ва дар ниҳоят оқибатҳои фалокатовар (шикастовар) метавонад боис гардад.