– 10 августи соли 1990 ташкил ёфтааст;

– Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон – 10 декабри соли 1994 ташкил ёфтааст. Дар айни замон ҳизби пешбар буда, онро Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд;

– Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон – 15 июни соли 1996 таъсис дода шудааст;

– Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон – 18 марти 1998 ташкил ёфтааст;

– Ҳизби коммунистии Тоҷикистон – 4 сентябри соли 1991 ташкил ёфтааст;

– Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – аз соли 2005 фаъолият менамояд;

– Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 15 ноябри соли 2005 ба қайд гирифта шудааст.

2.12 Мактаби идоракунӣ дар Тоҷикистон

Чӣ тавре дар боло зикр гардид, дар айни замон идоракунӣ заминаи илмии устувори худро дар Тоҷикистон ташаккул надодааст. Шумораи ками олимон ва муҳақиқон ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳ доранд. Аммо дар сатҳи сиёсати давлатӣ масъалаи мазкур бо роҳи ташкили институтҳои идоракунӣ ва омодасозии кадрӣ заминаҳои муайяни худро пайдо кардааст.

Дар кишвар дар ин самт мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2003, №926 дар назди Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ таъсис меёбад. Бо ҳамин метавон гуфт, ки институти идоракунӣ дар Тоҷикистон ба марҳилаи ташаккулёбии бонизом шуруъ мекунад.

Дар баробари ин, дар заминаи вазорату идораҳо бобати ташкили тадқиқотҳои илмию амалӣ ва методологии соҳавӣ, ташаккули низоми идоракунӣ ва омодасозии кадрӣ институтҳои миллии тадқиқотӣ амал мекунанд. Мисол: Институти илмӣ-тадқиқотии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Институти илмӣ-тадқиқотии акушер-генекологӣ, Институти такмили ихтисоси кормандони адлия, Институти такмили ихтисоси кормандони омӯзгорӣ ва ғайра. Яъне, новобаста аз мавҷуд будани низоми умумҷумҳуриявии омодасозӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои идоракунанада дар кишвар соҳаҳо дар алоҳидагӣ ташкили институтҳои идоракунии ва омодасозии кадрии худро иқдом кардаанд.

Аммо барои рушди соҳаи идоракунӣ, бахусус илми идоракунӣ зарур буд, ки низоми миллии илмию тадқиқотӣ ва амалию методологии идоракунӣ ва омодасозии кадрӣ ташкил ёбад.

Бо ҳамин мақсад соли 2003 Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ таъсис меёбад ва соли 2013, яъне пас аз 10 соли фаъолият ва аз худ кардани таҷриба он ба шахси ҳуқуқӣ табдил дода шуда, дар шакли нав ва мустақил – Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил меёбад. Инро метавон марҳилаи дуюми ташаккулёбии институти идоракунӣ дар Тоҷикистон номид.

Акнун Донишкада дар воқеъ мактаби таълимию илмии идоракуниро ташкил медиҳад, ки фаъолияти он ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи идоракунии давлатӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ равона гардидааст.

Донишкада дар сохтори худ дар баробари дигар воҳидҳо кафедраҳои идоракунии давлатӣ, идоракунии захираҳои инсонӣ, идоракунии иқтисодиёт ва молия ва илмҳои гуманитарӣ-иҷтимоиро муқаррар кардааст, ки дар ташаккул ва рушди илми идоракунӣ ва таҳкими низоми идораи давлатии кишвар метавонанд саҳми муносиб гузоранд.

САВОЛҲО БАРОИ САНҶИШИ САТҲИ ДОНИШ

– Тоҷикистон кай низоми идоракунии мустақили худро ташкил дод?

– Назарияҳои илмию тадқиқотӣ дар самти идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон дар кадом сатҳ мебошад?

– Дар даврони ҳукмронии ИҶШС низоми идоракунии Тоҷикистон чӣ гуна буд?

– Сиёсати хориҷӣ ва ё байналмилалии давлат ба кадом принсипҳо асос меёбад?

– Ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон аз чанд шохаи ҳокимият иборат мебошад?

– Низоми прокуратура дар Тоҷикистон сохтори идоракунӣ аст ва ё шохаи ҳокимият?

– Сохти идории Ҷумҳурии Тоҷикистонро кадом институт ташкил медиҳад?