Мақомоти мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ ба сохторҳои зерини идоракунӣ ҷудо мешавад:
– Прокуратура – риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад. Прокуратура дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин соҳаҳои ҳарбӣ ва нақлиёт намояндагӣ дорад ва вазифаҳои асосии он аз таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ иборат мебошад;
– Мақомоти дохилӣ (милитсия) – таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҷамъиятӣ, манфиатҳои ҷамъияту давлат аз кирдорҳои ҷинояткорона ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо. Милитсия ва ё соҳаи корҳои дохилӣ дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо намояндагӣ (шабакаи) ва сохтори гуногуншакли худро дорад;
– Амнияти миллӣ – амнияти шахс, ҷамъият ва давлатро аз таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ таъмин менамояд. Амнияти миллӣ дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо намояндагӣ (шабакаи) ва сохтори худро дорад ва дар доираи вазифаҳои муқарраргардида амал менамояд;
– Назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия (фасод) – масъули назорати давлатии молиявӣ оид ба истифодаи самарабахши маблағҳо ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ба андоз алоқаманд мебошад. Мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо амал мекунад. Ҳамчунин дар ҳамин самт, аз ҷумла аудити мустақили беруна оид ба баҳодиҳӣ ба иҷрои буҷети давлатӣ ва такмили он дар ҷумҳурӣ Палатаи ҳисоб фаъолият мекунад, аммо ин воҳид мақоми ҳифзи ҳуқуқ набуда, вазифаи он аз баҳодиҳии тарзи истифодабарии моликияти давлатӣ ва пешниҳоди хулосаҳои мувофиқ иборат мебошад;
– Мудофиа – системаи тадбирҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳарбӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ ва ғайра, ки ба таъмини мустақилият, якпорчагӣ ва дахлнопазирии ҳудуди ҷумҳурӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҳаёти осоиштаи аҳолӣ равона карда шудааст. Дар таъмини мудофиа воситаҳои муборизаи мусаллаҳонаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб (истифода) карда мешаванд. Дар мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои мусаллаҳи дигар давлатҳо дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ иштирок карда метавонанд. Сафармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2.11 Ҷомеаи шаҳрвандӣ
Чун дигар мамлакатҳои демократӣ Тоҷикистон иштироки васеи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар идоракунии давлатӣ ҷалб намудааст
Сотсиологияи идоракунӣ маҳз бо иштироки одамон дар идоракунии давлат / корхона тавассути иттиҳодияҳои хеш асос меёбад. Аз ин рӯ, барои Тоҷикистон, ки давлатӣ иҷтимоӣ мебошад, ин принсип – иштироки фаъоли одамон дар идоракунӣ метавонад муваффақиятҳои беназир ба даст биёрад.
Дар ҳамин мавзуъ яке аз олимони шинохта Элтон Мэйо бар он назар аст, ки ба муносибатҳои инсонӣ дар ҷараёни фаъолияти якҷояи меҳнатӣ бартарият дода шавад. Дар инҷо муҳим он аст, ки арзишмандии муқаррароти сарвар ва гуруҳи иҷтимоии ғайрирасмӣ баробар ба қоидаҳои расмӣ арзёбӣ гарданд. Мисол: фаъолияти иттифоқҳои касабаи кормандон, ки дар баробари қарорҳои маъмурияти ташкилот арзиши баланд дорад.
Ин назария дар Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи анъанавии даврони Шӯравӣ ва омӯзиши таҷрибаҳои давлатҳои пешрафта дар симои Федератсияи иттифоқҳои касаба, иттҳодияҳои ҷамъиятӣ, диннӣ ва фарҳангӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ассотсиатсияҳои гуногуни татбиқкунандаи манфиатҳои одамон ва гуруҳҳои онҳо роҳандозӣ карда шудааст.