Эй покдухтарони бобо! Ба ман гуфтанд, ки ҳар кадоматон дар зодбуми хеш дарси савод омӯхта, дониши кофӣ андӯхтаед. Акнун вақти он фаро расида, ки илми илоҳиро муфассал ва мукаммал омӯзеду ҳамзамон аз риёзиёту нуҷуму тиб ба қадри кофӣ баҳраманд шавед.
Дар хабар аст аз Хоҷаи олам (салиаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), ки фармуда: «Аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй!» Яъне, аз ибтидои офариниш мардуми ҳушманд гирди дониш гаштаанд ва каломи Аллоҳро гиромӣ доштаанд. Ҳама донишномаҳо хазинаи пур аз лаълу гавҳаранд ва то қадри имкон бикӯшед, дурдонаи бештар ба каф оваред.
Пас аз хатми илму каломи Аллоҳ шогирдони мадраса, тибқи тартибот, ба ду гурӯҳ «Мушкилот» ва «Масъала» ҷудо шуда, фиқҳу усулро дар амал азбар мекунанд. Вале мо чунин маслиҳат кардем, ки шумо ба он гурӯҳҳо шомил нашуда, дар алоҳидагӣ илми адаб биёмӯзед. Азбаски он аз дувоздаҳ қисмат иборат асту пурра омӯхтанаш басо душвор, салоҳ медонем, фақат илми луғату баён, арӯз ва қофияро биёмӯзед.
Машғулиятҳои гурӯҳи адабӣ на дар мадраса, балки дар кошонаи Бибӣ Маҳастӣ баргузор мешаванд, ки ҳолиё Байтулхуҷанда ном дорад. Агар надонед, пас бидонед, ки «байт» калимаи арабӣ буда, ба тоҷикӣ ду маъно дорад – хона ва ду мисраи ба ҳам алоқаманди шеър. Яъне, Байтулхуҷанда хонаи шеър, кошонаи эҷод асту имрӯз дар ин байтушшариф олимону орифону шоирони замон Бобо Камолу Мавлоно Аҳмади Хуҷандӣ, Махдуми Булбулу Фаридаддин Масъуди Ганҷшакар, Абӯбакри Суғдию Аҷабии Хуҷандӣ, Абумуслими Рубобию Абдуҷаббори Хуҷандӣ бо сарпарастии Зиёуддини Хуҷандӣ маҳфил меангезанду маҷлиси базм ташкил мекунанд ва маро низ ба меҳмонӣ мехонанд. Акнун ман шуморо ба ин боргоҳи маърифат роҳандозӣ мекунам. Ба ҳафт гурӯҳи сенафарӣ тақсим шаведу ҳафтае як рӯз ба кошонаи Маҳастӣ марҳамат намоед. Яъне тозаву озода нигоҳ доштани ин манзили қудсӣ вазифаи ифтихории шумост, эй покдухтарони бобо!
Дар урфият мегӯянд, ки ҳар касе ба осиёб дарояд, хоҳад-нахоҳад, гардолуд мешавад. Шумо, ки минбаъд муназзам ва мунтазам ба осиёби гардони эҷод ва ҳунар ворид гардида, аз боду ҳавои илҳомбахш нафас мекашед, хоҳ-нохоҳ дар баҳри шеъру сухани ноб ба шино медароед. Мо дуо мекунем, ки Парвардигор шуморо мададгор бошад, ба ҳар кадоматон табъи зариф, завқи латиф ва илҳоми шариф ато намояд, то номбардори арзандаи Маҳастии Хуҷандӣ шавед!
Адаб омӯзу илм ҳосил кун,
То шавӣ дар ҷаҳон писандида.
Чун туро ҳеҷ манфиат надиҳад,
Насаби устухони пӯсида…
* * *
Рӯзи ҷумъа, ки ҳама аз кору таҳсил фориғ буданд, Нигинаю ду ҳамсабақаш сӯйи кошонаи Маҳастӣ роҳ пеш гирифтанд. Духтараки андак сиёҳҷурдаи пешонафарох ва дарозбинӣ, ки тарзи либоспӯшиаш ба хуҷандиёни ширрухсор монанд набуд, пешопеш қадам зада, вазифаи роҳбаладиро иҷро мекард. Вай худро Фотима бинти Абдураззоқи Араб муаррифӣ карда, аз маҳаллаи Арабон буданашро бо ифтихор таъкид намуд ва гуфт, ки волидонаш аз қабилаи машҳури Қурайш баромадаанд.
– Ҳамаи сокинони маҳаллаи мо арабҳои олитаборанд ва бо дигар хуҷандиён алоқаи хешу таборӣ ё рафтуомад надоранд. Масҷид ва қабристонамон ҳам алоҳида. Вале мадраса надорем. Аз ҳамин сабаб чанд муддат аз Бибиотуни маҳаллаи Испаракон, ки ҳамсояи мост, сабақ гирифтаю забони тоҷикӣ омӯхта, барои такмили дониш ба мадраса омадам.
Дар Хуҷанд вуҷуд доштани маҳаллаи алоҳидаи исфарагиҳо барои Нигина гапи нав буд ва дарҳол пурсид, ки он дар куҷост ва чӣ хел пайдо шудааст?
– Аз нақли падар ҳамин қадар медонам, ки панҷ аср муқаддам сипаҳсолори араб Мухаллаб Хуҷандро фатҳ карда, ҷониби офтоббарои бозори Панҷшанбе, дар паҳлӯи маҳаллаи Испаракон қалъаи нав ва хонаҳои арабӣ сохтааст. Аммо дар бораи кай омадани ҳамшаҳриёни ту тасаввуроте надорам. Ягон рӯз пеши бибиотуни ман рафта, ҳамаашро таҳпурсӣ мекунем…