– Ихтиёр турост… Лекин… ҳадяҳоро чӣ кор мекунӣ?
– Ман ҳам Бобои Хуҷандӣ дорам, садри бозори Хуҷанд Маҳмуди Бозаргон. Ҳамроҳи падарам барои харидани зару зевар равем, зардолую мағзу чағз дастовези мо мешавад…
– Камарбанду дастрӯймолҳо…
– Фикру хаёли бад накун, амакдухтар, ин тӯҳфаҳоро ба соҳибаш месупорам…
– Чӣ хел?!
– Баъдтар мебинӣ… Дарвоқеъ, дафъаи гузашта пеш аз ҷашни Наврӯз лаби дарёи Сайҳун рафта будӣ, а?
– Ҳа.
– Роҳро медонӣ?
– Албатта.
– Илтимос, амакдухтар, дарёро ба ман нишон деҳ…
– Чаро?
– Натарс, амакдухтар, ман ҳеҷ вақт худро ба об намепартоям. Аз зиндагӣ умеди калон дорам. Фақат… дарёро тамошо кардан, мисли ту бо оби равон сухан гуфтан мехоҳам…
Амакдухтарон дар соҳили Сайҳун муддате сукут варзида, ба тамошои манзараҳои дилфиреб машғул шуданд.
Қулфи хомӯширо Нигина шикаст:
– Аз ғам холӣ шав, эй амакдухтар. Рози дил ба дарё рез…
Назокат ҳарфе нагуфта, бастаеро аз зери бағал берун оварду бо тамоми қувват ба мобайни дарё ҳаво дод.
– Назок, чӣ кор кардӣ?!
– Орзуи дил ба об андохтам.
– Равшантар гап зан, амакдухтар, чиро ба об партофтӣ!
– Вақте гуфтанд, ки «аз Хуҷанд то Гурганҷ ниммоҳа роҳи обӣ» ин ният дар сарам пайдо шуда буду онро ту пазондӣ, амакдухтар. Худат дидию агар зарур шавад, шаҳодат медиҳӣ, ки ман камарбанду дастрӯймолҳои армуғониро ба соҳибаш роҳӣ кардам, – овози Назокат ларзиду ҳой-ҳой гирист. – Дареғу дард, ки дар Хуҷанд дари бахту орзуҳоям кушода нашуд, амакдухтар. Ба умеди шодӣ омада, гирён шудам… Дилшод омада, дилшикаста шудам… Сирри дил пурра ба Сайҳун гуфтам ва аз оби равон илтиҷо кардам, ки дастовези бо ҳазор умед овардаи духтараки содаи қишлоқиро ба соҳибаш расонад…
Алвидоъ, орзуҳои ширини кӯдакӣ…
Акнун ман бе дилкашолӣ бозпас меравам, эй амакдухтар!
Мирмаликро ба ту ва туро ба Худо месупорам…
* * *
Назокатро чун муродаш дар шаҳри Хуҷанд ҳосил нашуд ва мурғи дилаш аз парвоз монд, лоақал як рӯз истодан нахоста, шитобон сӯйи зодбуми хеш гом бардошт. Ниҳоли иқболи Нигина бошад, филҳол боло кашид ва аввалин сухане, ки дар фарҷоми ҳафтаи аввал аз Гулсимо шунид, башорат аз нумӯ буд:
– Эй хоҳар, модари ман туро салом расонда, мегӯяд, ки мабодо дар Хуҷанд худро кабутари муҳоҷир ҳисоб накунӣ, зеро набераи бародар набераи хоҳар асту дар ҳар ду ҳавлӣ ту ҷойгоҳи хоса дорӣ!
Ин паёми хуҷастаро Саодат боз ҳам фархунда гардонд:
– Падарам розӣ шуданд, ки ҳафтае як маротиба моро илми мусиқӣ омӯзанд!
– Ин гапро агар Назокат барвақттар мешунид, шояд ба Ворух барнамегашт, – баъди арзи сипос иловатан гуфт Нигина. – Вай мусиқиро аз ман бештар дӯст медорад.
– Менамояд ки вай ҳама чизро аз ту бештар дӯст медорад. Иштиҳояш қозгир асту нафсаш аз худаш калон! Лекин дуруст нафаҳмидам, ки вай алачизеба Хуҷанд омаду чува айнамиш када, шамол барин қафо баргашт?
– Ворухиҳо мегӯянд, ки барои аловгирӣ омаду рафт.
– Агар ба лаҳҷаи хуҷандӣ гӯем, беҳтар мешавад: муда-муда оташгирӣ омаду муда, хокистар шуд…
– Эй Гул, амакдухтари Нигин чӣ гуноҳ дорад, ки сухан ба масхара мегӯйӣ?
– Магар нашунидӣ, ки баробари омадан акои маро суроғ карду вайро наёфта, пуфаки дилаш хоп-холӣ шуд.
– Ман ҳам мушоҳида кардам, ки тарбузи умед якуякбора аз бағалаш афтид ва кафид. Лекин… Наход дар байни амакдухтари Нигин ва акои Гул ягон гап бошад?
– Ним гап ҳам нест! – мӯъҷаз ва мухтасар ҷавоб гардонд Нигина. –Буду шуди қисса ҳамин, ки амакдухтари ман Мирмаликро се-чор бор дида, аз ҷамоли офтобияш дилкабоб гашту чун рафтани ӯро шунид, ҷигари кабобгаштааш об шуда, аз чашмаш рехт, қалбаш сард ва ишқаш гард гашт.
– Маро чунин ишқи сохтаю бофта ба дил гарон меояд! – гуфт бо истеҳзо Гулсимо. – Чашми ҳама духтарҳои нозанини шаҳри бузурги мо ба рӯйи Мирмалик банд асту аз ишқаш обу адоянд, вале бародари хубрухсори ман сӯяшон ҳатто нимнигоҳе намекунад. Амакдухтари қишлоқии ту бошад… Ё тавба, чашмаш ростнигоҳ несту чӣ хел ҷуръат карда, ба акоям дил бастааст?!