Дугонаҳо муддате хомӯш қадам заданду духтараки сеюм, ки нисбатан қадпаст, аммо дарозкокул буд, худро ба Нигина ҷафс гирифта, оҳиста садо баровард:
– Эй Нигина, маро шинохтӣ?
Аз саволи ногаҳонӣ Нигина як қад парида, бо тааҷҷуби ошкоро ӯро нигарист ва бо аломати инкор сар ҷунбонд.
– Наврӯзи Унҷӣ дар ёдат ҳаст? Пеш аз рақсу суруд ҳамроҳ момакбозӣ карда будем…
Нигина аз роҳгардӣ истода, сар то пойи духтаракро бодиққат синча карду узромез гуфт:
– Мебахшӣ, ки нашинохтамат…
– Он рӯз секаса рақсидед… Мукофот гирифтед.
Нигина дарҳол гапро ба шӯхӣ кашид:
– Агар ту ҳам рақс мекардӣ, асло фаромӯш намекардам!
– Дуруст мегӯӣ, дугона. Ман ҳам рақсидан мехостам. Лекин… акоям иҷозат надод.
– Яъне ки ту аз Унҷӣ?
– Не. Хонаамон дар Кулангир… Лекин ватанамон дар кӯҳистонай.
– Яъне ту ҳам мисли ман муҳоҷирӣ, эй духтар?! – бетакаллуф ба сӯҳбат пайваст Фотима. – Хонаи ман дар маҳаллаи Арабон, лекин ватанам дар Арабистон. Оё номи ту ҳам Фотима нест?
– Номи ман Гулноз. Ватанам Масчоҳ…
– Чӣ хел ба Кулангир омадӣ?
– Падарам чӯпони Бобои Мирраҳмат. Акоям нигаҳбони аспҳо…
– Ана акнун фаҳмидам, ки чаро акоят туро рақсидан намондааст! – гапро боз ба шӯхӣ кашид Нигина. – Вайро танбеҳ мебояд дод. Пагоҳ ба хонаатон рафта…
– Акоям дар Кулангир нестай…
– Ба кӯҳистон рафтаст?
– Не, ҳамроҳи ошнояш Сабзалӣ ба сарбозӣ рафтай. Мегӯянд, ки акоям Шоҳмуроди Кӯҳистонӣ дасти чапи Мирмаликай…
Номи азизро шунидан ҳамон вуҷуди Нигина ларзид. Вале чун ҳамеша худро зуд ба даст гирифта, шӯхиро бо оҳанги аввала идома бахшид:
– Ҳоло, ки акоят нест, акнун мерақсӣ?
– Албатта! Кӯҳистони мо кони рақсай. Агар хоҳӣ, ба ту рақси остин ёд медиҳам.
– Ман рақси арабӣ ёд медиҳам! – зуд қофия баст Фотима ва духтарҳо баробар хандида, бо чеҳраи шукуфон ба манзили Бибӣ Мӯниса Маҳастии Хуҷандӣ даромаданд…
Сохти ҳавлӣ ҳамон гуна буд, ки Нигина қаблан дида буд. Аммо намудаш тамоман дигар гаштаву гулу дарахтон сабзу мунаввар шуда, аз сукути ҳавлангез нишоне ба назар нарасид. Дар суфакати нави мобайни гулбоғ ҷавонмарди хушлибосе машғули китобат менишаст ва баробари аз остона даромадани духтарон лаб ба гуфтор кушод:
– Марҳабо, эй тозагулҳои чамантироз! Лаҳзае қабл аз ташрифи шумо Пирам Подшоҳмарди Валӣ бо ҳузури хеш ин кошона муаттар гардонданду омадани шуморо таъкид карданд. Хайра мақдам, пештар биёед ва дар болои кат паҳлӯям шинед.
Зиёуддини Порсӣ аввал худро ба духтарон шиносонда, сипас ному насаб, зодгоҳи ҳар кадомро алоҳида-алоҳида пурсида, дар варақи тозаи дафтари калоне сабт карду сӯҳбати нотамомро идома бахшид:
– Имрӯз, ки дар доруламора шуғле нест, ба байтуладаб барвақттар омадам, то барои машғулияти нахустин фурсат бештар бошад.
Барои таҳлил ду байт пешниҳод мекунам, ки ҳозиракак иншо гардид ва аввалин шунаванда шумоед:
Эй маснади шаръро зи ту фарру бақо,
В-эй маҳфили илмро зи ту иззу лиқо.
Гар чарх наӣ ба мансабу қадр, чаро
Додаст ҳама кас ба қазои ту ризо?!
Шоир бо нигоҳи озмоиш духтаронро нигаристу ду суолро дар як ҷумла ғунҷонид:
– Эй тозагулҳои чаманпардоз, лутфан бигӯед, ки ин байтҳо кадом навъи шеър аст ва мамдӯҳ кист?
Нигина дид, ки дугонаҳояш карахт нишастаанд, оҳиста лаби посух во кард:
– Ин рубоӣ ба Пири Бузургвори Хуҷанд Шайх Маслиҳатдин бахшида шудааст.
– Офарин туро, эй Нигина бинти Абдулсайид, ки тавсифи ҳозирҷавобии туро қаблан шунида будам. Акнун навбати Гулноз. Бигӯ, ки дар бораи Пирам Подшоҳмарди Валӣ чӣ медонӣ?
– Ҳамсоязамини мо мулки аҷдодии Пирам Подшоҳмарди Валӣ, – оҳиста ба гап даромад Гулноз. – Дар мазори шафати Боғи калони Унҷӣ мақбараи Бобохоҷаи Авлиё ҳастай, ки тағои Ҳазрати Бузургворанд. Падарам аз он кас шунидаанд, ки мақбараи бародарашон дар Яғнобдараи Масчоҳ. Ҳар ду тағо дар тарбияи ҷияни худ бисёр кӯшиш кардаанд, чунки Ҳазрати Бузургвор аз меҳру навозиши падар бармаҳал маҳрум шудаанд…