– Ба он духтари бечора сахт хашм магир, ки нопадид шуд ва дигар пайдо намешавад. Яъне гапаш адо! – ба мавзӯъ нуқтаи таммат гузошт Саодат. – Ба акои ту, ки акои мост, секаса арӯси зӯр меёбем.

– Тарсам, ки аз ӯҳдаи ин кор намебароем. Басо назарбаланд будани акои қоматбаланди моро ҳама медонанд. Як шоҳбайти Низомӣ гӯё ба акои ман дахл дорад:

Ҳафт кишвар тамом дар аҳдаш,

Духтари ҳафт шоҳ дар маҳдаш!

– Ман ҳафт шоҳдухтарро медонам, ки нозанини нозанинҳои олам эътироф шудаанд.

– Киҳо онҳо? – зуд ба шавқ омад Нигина ва Саодат ангуштони дасташро қат карда, ба лелакшумур даромад:

– Якумаш Ҳумой, духтари шоҳ Хусрави Парвиз…

Гулсимо дарҳол эрод гирифт:

– Оъ… вай мурдагӣ, вақти аз хок хестанаш шудагӣ… Зиндаҳояшро номбар кун, дугона!

–Яғминоз – духтари ҳоқони Чин, Нуран – духтари малики Ҳинд, Насрин – духтари Сақлобшоҳи турк, Дурсити – духтари Қайсари Рум, Озариюн – духтари шоҳи Мағриб ва Нозпарӣ – духтари Хоразмшоҳ.

– Акоям номи духтари подшоҳи Хоразмро ба забон гирифта, «Нозпарӣ хушхироме ба сони кабки дарӣ!» гуфта буд…

– Яъне … дар суроғи ҳамин шоҳдухтар ба Гӯрганҷ рафтааст?

–Инашро намедонам. Лекин боре акоям гуфта буд, ки духтари нозанин ва баиффат ҷустуҷӯ дорад.

– «Баиффат» чизе гуфтанӣ гап?! – бо овози ларзон пурсид Нигина аз нодонӣ шармида.

– Покдоманӣ иффат аст! – бо ғурури зебанда ҷавоб гардонд Саодат. – Даҳ равзана дорад – ҳаё, лутф, ростӣ, хайрхоҳӣ, оромӣ, сабр, виқор, парҳезкорӣ, интизом ва озодагӣ…

– Агар ин хелак духтарро ёбад, акоям ҷонашро фидо мекунад! Ҳама медонанд, ки агар ба зулфи нозанине ангушт расонаду он духтар дастнорас бошад, панҷа бар даҳани шеру мор мехалонад!

– Ин хелак духтар ёфтан ҷудо ҳам душвор…

– Оре, дугона, барои ҳамин то ҳол муҷаррад акоям. Бистуҳафтсола шуду…

– Аҷаб коре шуд! – гапро ба шӯхӣ кашид Саодат. – Арӯс ба пойи худаш омаду мо бошем.

– Э дафъ кун вай хомхаёла! Ғунча то гул нашавад, файз намебахшаду ба қавли шоир:

Маъшуқи хурдсол ба кас рӯ намедиҳад,

То ғунча нашкуфад, ба касе бӯ намедиҳад.

Ҳамин хел не, Нигина? Чаро хомӯшӣ?

– Мо, духтарҳои кӯҳистонӣ, дар ин мавзӯъ гап намезанем.

– Чаро? – баробар пурсиданд дугонаҳо.

– Шарм медорем…

– Ту дигар қишдухтар нестӣ, Нигин! Ҳеҷ вақт худро аз сӯҳбат бар канор нагир. Агар дар шаҳр хушкалом ва суханширин шавӣ, аз дарди сар халос мешавӣ, агар шармин ва гӯшанишин шавӣ, аз дарди сар васвос мешавӣ! Фаҳмидӣ?

Нигина бо аломати тасдиқ сар ҷунбонду Гулсимо саволашро тарзи дигар такрор кард:

– Гап зан, Нигина, дар Ворух худат барин гулдухтари абрӯяш хубу лабу даҳану зулфу чеҳрааш хуб ва синну солаш мувофиқ ҳаст?

– Дар Ворух духтарҳои хушрӯю нозанин лак-лак. Лекин… ба назар нонамоёнанд…

– Яъне ба назари Мирмалик наменамоянд. Оббо…

– Зиқ нашав, Гул! Мегӯянд, ки духтарҳои хоразмӣ ҳам чашми бодому рӯйи суман доранд ва мисли гул хуштароватанд. Шояд Нозпарӣ ба мазоқи акои мо хуш ояд…

– Асал ба забонат, Саодат! Э Худоҷон, дар ҳар куҷо бошад, дари бахти акоямро кушода гардон!

Нигина ҳис кард, ки дугонаҳояш боз чашм бар даҳони ӯ дӯхтаанд, нигоҳи дилчаспу дилнавози Мирмаликро дар аспрези Исфара ёд оварда, маҳин овоз баровард:

– Калонҳо «дер ояду шер ояд» мегӯянд. Ман мегӯям, ки гардиши айём бар муроди чашму дили Мирмалик бошад!

Ин ҷумлаи шаҳдомез ба ҳукми дуо қабул шуд…

Равзанаи ҳафтум. Рисолати тозаву тар ва панди покгавҳар бо забони безабонӣ

Дарси якум дар мадрасаи нав бо фотеҳаи Пири муборакнафаси Хуҷанд Бадеуддини Нурӣ оғоз ёфт. Бисту як нафар духтари тақрибан ҳамсол, ки аз Хуҷанд ва шаҳру навоҳии атрофи он ба умеди донишандӯзӣ ҷамъ омада буданд, чашмони пурмеҳр аз чеҳраи нуронӣ наканда, саропо гӯш шуданд.

– Аввалин мадраса дар шаҳри мо панҷсад сол муқаддам бунёд шуда буд, – гуфт Пири донои Хуҷанд пас аз салому паёми табрикӣ. –Навмусулмонҳо аз аввал бо дилгармию шавқу ғайрати хоси хуҷандӣ ба омӯзиши аҳкоми дини мубини ислом пардохтанд ва шукри Худо, ки ҳолиё пешсафу раҳнамоянд. Хуҷанди бостонӣ баъди Бухорои шариф дуввумин маркази ирфону дин асту баъди Самарқанд дуюмин сайқалгоҳи адабу маърифат! Маслиҳат медиҳам, ки шумо бо иродатмандӣ ба анъанаи мутақадамон идома бахшед, то пешоҳанги муслимаҳои Мовароуннаҳр шавед.