– Менамояд, ки ту ҳам мисли ман Мирмаликро пазмон шудаӣ, эй ҷони оча…

– Ҳа, оча. Нигина ҳам пазмон шудагӣ…

Аз луқмаи бадҳазми амакдухтар ғаши Нигина омаду хост ҷавоби обдор гардонад. Вале Бибинурӣ имкон надода, Назокатро бо ширинзабонӣ ба сӯҳбат кашид.

– Гапат ҳақ асту рост. Ҳамаамон Мирмаликро пазмон шудаем. Ин хел ҷавони диловару паҳлавону қаҳрамон маҳбуби ҳамагон аст. Ҳама вайро иззату ҳурмат мекунанд. Росташро гӯй, ҷони оча, барои Мирмалик аз Ворух ягон тӯҳфа овардӣ ё дастхолӣ омадӣ?

– Як гала тӯҳфа овардагӣ ман! Чор дастрӯймоли ҳаррангаи зеҳтиллою ду камарбанди тору пудаш заррин барояш армуғон овардаам, ки бо дасти худам гулдӯзӣ кардагӣ. Як ҷуфтӣ тоқии қаланфургулу ҷуроби дастибофи рангинкамон аз пашми бузи кӯҳӣ овардагӣ. Аз беҳтарин зардолуи Ворух – хурмоӣ чор кулчахурмо сохта овардаму як халта зардолуқоқи яккагини мирсанҷилӣ. Ду чойхалта мағзбирёну тутмавиз алоҳида-алоҳида. Боз як чойхалтагӣ зирку зираю пудинаи кӯҳӣ. Боз…

– Шуд, ҷони оча, ҳамин қадараш кифоя. Лекин… Ин тӯҳфаҳо канӣ?! Мабодо-ку дар Ворух фаромӯш накардӣ?

–Ҳамин қадар сӯхтаю пухта тӯҳфаҳои хелмахел тайёр кардаму наход фаромӯш кунам?! Ҳамааш дар аробаи дигар, очаҷон. Падарам ба ӯҳда гирифтанд, ки то Хуҷанд березу чош мерасонанд. Тӯҳфаҳои Нигина ҳам дар он ҷо.

– Нигаҳбони тӯҳфаи ман Шайхбобо…

– Ту чиҳо тӯҳфа овардаӣ?

– Ман ҳам кулчахурмою мирсанҷилӣ, зирку зира ва себу биҳӣ овардаам. Лекин… барои Бобокалони Бузург ва Гулсимою Саодат…

– Ба Мирмалик чӣ?

– Ҳеҷ чӣ. Бо Назокат маслиҳат карда, тӯҳфаҳоро ҳисса-ҳисса тайёр намудем.

Вақти гуфтани ин суханҳо рӯйи чапи Нигина андаке сурх шуд. Зеро дурӯғи маслиҳатомезро аз рости фитнаангез авло дониста, бехи гапро пинҳон дошт…

Ҳақиқати ҳол чунин буд, ки тахмин баъди даҳ рӯзи сӯҳбати рӯёрӯ падару духтар боз як гуфтугӯи маҳрамона оростанд. Ин дафъа Абдулсайид ташаббускор шуду ба Нигина дарак дод, ки масъалаи Хуҷандравӣ ҳаллу фасл шудааст:

– Охирҳои моҳ Шайхбобою очакалони хуҷандӣ рахти сафар мебанданду тую Назокат ҳамроҳи онҳо меравед. Барои таҳсил дар мадрасаи занона…

– Назокат дар Хуҷанд мемонад?!

– Не, духтари ҷон! Амакбобоят, ки аз ҳама гапу кор бохабар будаанд, ҳилаи зӯр фикр кардаанд.

– Чӣ хел ҳила?

– Бовар кун, духтари ҷон, ба ман сир накушоданд. Фақат ҳамин қадар гуфтанд, ки «оқибати кор бахайр мешаваду Нигина шоду хурсанд дар Хуҷанд мемонаду Назокат шоду хурсанд ба Ворух бармегардад». Ҳарчанд зора кардам, дигар лом накафонданду бо табассум «сирри мардон пӯшида» гӯён, гаштаю баргашта таъкид намуданд, ки хомӯшӣ беҳтарин пардадори роз асту ту ҳам ҳушёр бош, духтарҷон! Зеро агар ин рози пинҳон аз даҳонат берун раваду ба гӯши Назокат расад, ояндаи худат торик мешавад…

Баъде ки Нигина сидқан қавлу қасам кард, падар бо меҳр дасти духтар гирифту бо оҳанги боварибахш гуфт:

– Акнун туро насиҳате мекунам, духтарҷон, ва имонам комил, ки маро бо гӯши дил мешунавӣ: аз ин пас, дар шаҳри мусофирӣ, изни ту ба дасти Пирам Шайх Бурҳониддини Валӣ аст; эшонро даҳ баробари падарат иззату ҳурмат мекунӣ, бе иҷозаташон коре ва бе рухсаташон рафторе намекунӣ ва ҳамроҳ бо сари баланд бозгашт ба Ворух меойӣ!

Нигина боз ҳарфи савганд ба забон оварду он гоҳ падар иҷозат дод, ки назди амакдухтараш равад ва ҳар он чӣ вай гӯяд, беранҷиш қабул намояд.

Нигина болу пар кушода, сӯйи амакдухтар парид. Вале Назокат ҳатто «биё» нагуфту ягон илтифот ё маслиҳате накарда, бо такаббур гуфт:

– Барои Мирмалик ман тӯҳфа тайёр мекунам! Барои дигарҳо – ту!

…Сурхчатоб шудани гунаи Нигина, албатта, аз назари борикбини Бибинурӣ пинҳон намонд. Вале худро нодида гирифту духтаронро офарин хонд:

– Боракаллоҳ, духтарҳои баақли оча. Яъне ки ҳеҷ кас фаромӯш нашудаасту ба ҳама барги сабзе мерасад. Фақат… ҳайрони онам, ки ин тӯҳфаҳоро чӣ хел месупоред? Армуғони Нигина, ки андак будааст, кораш осон… Аммо Назокат як ароба тӯҳфаро чӣ хел мусупорида бошад?