Дар шароити муносибатҳои бозоргонӣ шакли нави фаъолияти хоҷагиҳои истеҳсолӣ, ба монанди ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, биржаҳо, ассотсиатсияҳо, корхонаҳои муштарак пайдо гардиданд. Дар кулли кишварҳои ҷаҳон, инчунин дар Тоҷикистон дар самти рушди иқтисодиёти миллӣ ҳавасманд гардонидан ва ҷалби иштироки ҳарчи теъдоди зиёди субъектҳои иқтисодӣ барои сармоягузорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва корҳои нав механизмҳои муосири идоракунии иҷтимоӣ-иқтисодӣ ташаккул ёфтнад; таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои мақсаднок (соҳавӣ ва минтақавӣ) ва ташкил гардидани минтақаҳои озоди иқтисодӣ рӯи кор омаданд.

Дар ин самт Тоҷикистон ҳамчун кишвари иҷтимоӣ қадамҳои муайяни хусусияти миллию байналмилалидошта гузошта истодааст. Ҳанӯз соли 2000-ум дар баробари 191 кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистон Эъломияи ҳазорсолаи рушдро, ки бо тамом аз унсурҳои иҷтимоӣ иборат буд, ба имзо расонид. Бо мақсади фароҳам овардани замина барои рушди устувори кишвар ва таъмини раванди муназзам ва дурнамои рушд мутобиқ ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола соли 2007 Стратегияимиллиирушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 қабул мегардад. Дар заминаи ин, барои расидан ба ҳадафҳои миллии стратегӣ якчанд барномаҳо ва нақшаҳои миллӣ таҳия ва табиқ мегарданд. Дар ин самт, аз ҷумла паст намудани сатҳи камбизоатӣ, ки масъалаи хеле муҳим барои Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт Стратегияипасткарданисатҳикамбизоатӣ ба тасвиб мерасад ва дар натиҷаи амалисозии он сатҳи камбизоатӣ аз 81% (дар соли 1999) то ба 31% (дар соли 2015) коҳиш дода мешавад. Дар соли 2016 бошад, бо мақсади рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ ва бо назардошти уҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба Рӯзномаи асри XXI ва Ҳадафҳои рушди устувор, ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи Генералии СММ (сентябри 2015) тасдиқ шудаанд, Стратегияимиллиирушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба тасвиб мерасад. Дар ин ҳуҷҷати давлатӣ 4 ҳадафҳои стратегии рушд барои 15 соли ояндаи Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд: 1) таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ; 2) аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан; 3) таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат; 4) вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул.

Дар баробари ин, барои рушди соҳаҳо ва минтақаҳо барномаҳои мақсадноки миёнамуҳлат ва дарзомуҳлат мунтазам қабул ва амалӣ гардонида мешаванд, ки дар маҷмуъ механизми идоракунии иҷтимоӣ-иқтисодии кишварро ташкил медиҳанд. Мисоли ин барномаҳо «Барномаи рушди маориф барои солҳои 2010—2015», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2016—2018», «Барномаи рушди нерӯи зеҳнии инсон то соли 2020», «Барномаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилояти Хатлон», ва ғайра шуда метавонанд.

Яке аз нуктаҳои муҳими сиёсати барномасозии Тоҷикистон дар ҳамин давраи фаъолият ба он асос меёбад, ки Ҳукумат барои / дар ояндаи наздик ба таҳкими нерӯи институтсионалӣ бо назардошти ташаккул додани низоми самарабахши идоракунии давлатӣ ва рушди сармояи инсонӣ дар ҳама муносибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ афзалият додааст.

Мутаносибан зарур мегардад, ки заминаҳои устувори илмию методологии ҷараёнҳои идоракунии иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар умум дар кишвар ва дар алоҳидагӣ нисбат ба ҳар як субъекти идоракунӣ бо назардошти талаботи иқтисоди бозоргонӣ ташаккул дода шуда, бо назардошти сиёсати давлатӣ дар ин самт механизмҳои мувофиқан нав ва муносиби идоракунии хоҷагидорӣ-истеҳсолӣ бо фароҳам овардани шароитҳои баробар, далелнок ва адолатхоҳ дар муносибатҳо амалӣ гардонида шаванд.

4.2 Идоракунии равандҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ

Рӯи масъалаҳои идоракунӣ марбут ба ҷанбаҳои сиёсии он – ҳокимияти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ олими Ғарб М. Вебер бештар кор кардааст.