– Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон [Матни аслӣ]. – Душанбе: 1994

– Корпоративная культура. [Маводи электронӣ]. – Тарзи дастрасӣ: https://ru.wikipedia.org/wiki/

– Предвидение [Маводи электронӣ]. – Тарзи дастрасӣ: http://www.chronos.msu.ru/old/TERMS/razumovsky.htm

– Раззоқов Б. Ҳ. Идораи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои ҳуқуқии назария ва амалия [Матни аслӣ]. – Душанбе: «Ирфон». – 2007. – 236 с.

– Система социального управления [Маводи электронӣ] – Тарзи дастрасӣ: http://www.pravo.vuzlib.su/book_z872_page_17.html

– Социальные нормы и их классификация [Маводи электронӣ]. – Тарзи дастрасӣ: http://lawtoday.ru/razdel/biblo/tgp/078.php

– Тощенко Ж. Т. Социология управления. Учебник. [Матни аслӣ] – М.: Центр социального прогнозирования и маркетинга, 2011. – 300 с.

§4. САМТҲОИ АСОСИИ

СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ

4.1 Шаклҳои идоракунии иҷтимоӣ

Барои идоракунии босамари иҷтимоӣ мебояд масъалаҳои актуалӣ ва тарзу усулҳои ҳамкории ҷамъиятиро бо назардошти камбудиҳо ва ё монеаҳои бархурдгардида омӯхт ва зимни қабули қарорҳо ба инобат гирифт – принсипҳо ва самтҳои муайяншударо дар рушду такомули идоракунии иҷтимоӣ бомаром ба кор бояд бурд.

Дар заминаи идоракунии иҷтимоӣ зарур аст, ки оқибатҳои дури (ояндаи) фаъолияти истеҳсолӣ муайян гарданд, мувофиқан имконият фароҳам оварда шавад, то ин ки ин оқибатҳо мавриди баррасии доимӣ ва танизм қарор дода шаванд.

Таърихи начандон дури мо нишон дод, ки бархурдҳо ва ё ихтилофотҳои иҷтимоӣ дар низомҳои идоракунӣ, аз ҷумла дар сохти сотсиалистии ҷомеа хеле зиёд мебошанд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузариш аз сохти демократии идории солҳои 1920-ум ба низоми дурушт ва муттамаркази авторитарӣ-бюрократии соли 1950-ум оқибатҳо ва қафомонии зиёдро ба бор овард. Бюрократизм дар асл худ ба худ мухолифи принсипҳои сотсиализм буд (ва мебошад), воқеан барои рушди он монеаҳо эҷод мекард. Чунон ки принсипи асосии сотсиализм – баробарии иҷтимоӣ ҳар қадам бо эҷод гардидани услуби тобеияти қатъӣ ба марказ (ҳокимияти мутлақ), басинфҷудокунии ҷомеа: синфи коргар, зиёӣ, миёна, болоӣ ва ғайра, афзалият ба истеҳсолот на ба инсон вайрон мегардид.

Идомаи рукнҳои бюрократӣ, ҳукмфармоӣ ва маҳдуд кардани имкониятҳои мустақилонаи рушд, манъ кардани муаррифии васеи урфу одатҳо, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ дар низоми коммунистии солҳои 60-80-ум оқибат ба барҳам хурдани сотсиализм боис гардид (ин яке аз омилҳои муътамад ба ҳисоб меравад). Ин муносибат нисбат ба халқи тоҷик низ, ки таърих, тамаддун ва фарҳанги ғанӣ дорад, бисёр бараъло ба назар мерасад. Ҷумҳуриҳои шарқзамин барои давлати Шӯравӣ асосан ба сифати воситаи истеҳсолот – коркарди пахта, гандум, истихроҷи нафт, газ ва ғайра истифода мегардиданд, манфиатҳои миллӣ ва фарҳангии мамлакатҳои шомили ин минтақа бошад, дар муносибатҳои идоракунӣ хеле дур монда буданд ва ташаббусҳои онҳо низ дар ин ҷодда дастгирӣ намеёфтанд.

Низоми тозабунёди демократӣ, ки ба қисми зиёди мамлакатҳои ҷаҳон мустақилияти томро ба бор овард, дар назди мо, аз ҷумла ҷиҳати танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ талаботи зиёде пеш мегузорад, то ин ки хатогиҳои саддаҳои гузаштаро такрор насозем, камбудиҳоро дар фаъолияти ҳамрӯзаи меҳнатӣ-истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ ошкор намоем ва оқибатҳои наздику дури онро дар таносуб ба бартарафсозии бархурдҳо пешгирӣ намоем.

Низоми мазкур азнавсозӣ ва ислоҳоти пайдарпайи механизми идоракуниро дар мамлакат тақозо менамояд. Дар ин ҷо зарур аст, ки начандон ба ҷанбаҳои сиёсӣ, балки ба рукнҳои иҷтимоии идоракунӣ афзалият дод. Ин вазифагузорӣ дар навбати худ, тақозо бар он дорад, ки асосҳои илмии ин самт, тарз ва маҷмӯи амалҳои идоракунии он омӯхта шуда, мавриди истифодаи васеъ қарор дода шаванд.