Бюрократизм новобаста аз хусусияти манфӣ доштанаш дар фаъолияти идораи давлатӣ бинобар муносиб будан барои назорат ва батанзимдарории муносибатҳо доимо истифода мегардад. Аз ин рӯ, М. Вебер бюрократияро мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, чанде назариёти худро атрофи истифодаи босамари он пешниҳод менамояд. Олим хусусиятҳои зарурии амалӣ ва самараноки бюрократияро барои ҳамаи намудҳои ташкилотҳо, пеш аз ҳама барои мақомоти идоракунии давлатӣ ҷудо менамояд. Аз ҷумла: а) тақсимоти ҷиддии меҳнат ва дараҷаи баланди ихтисосмандии идоракунанда; б) сохтори иерархии ҳокимият; в) якрангии амалҳои маъмурон, ки ба дастурҳои махсуси корӣ муайян шудаанд; г) муносибати холисона ва беғарази роҳбар бо тобеон ва муштариён; д) мавҷудияти дастгоҳи маъмурӣ; е) талаботи мушаххас ба касбият ва дигар сифатҳои кормандон ҳангоми интихоби онҳо ба кор.
Дар замони Шӯравӣ ғояҳои идоракунии сиёсӣ ба таври васеъ истифода бурда мешуданд. Онҳо пай дар пай дар ташаккули идораи сиёсӣ, аз ҷумла баланд бардоштани нақш ва мақоми ҳизби коммунистӣ ва табдил додани он то ба ҳизби мутлақ-дастгоҳи идоракунии давлатӣ истифода мегардиданд. Идеяҳои сиёсии коммунистӣ оғоз аз мактаббача (октябрят), наврас (пионер) то ба фарди ҷавон (комсомол) ва ташкили гуруҳҳои (коллективҳои) меҳнатию фароғатӣ паҳн гардида буданд. Ин тарзи идоракуниро ба идоракунии шакли классикии авторитарӣ-бюрократӣ шабоҳат додан мумкин аст, зеро дар он низоми назорати қатъӣ, зинабандии пирамидавии ҳокимият, афзалиятнокии меҳнат-истеҳсолот (на инсон ҳамчун шахсият) ва ҳукмфармоии сиёсии мутлақ-яккаҳизбӣ амал мекард.
Аммо ин низом охирҳои солҳои 1980-ум барҳам мехурад ва ба ҷойи ӯ низоми рақиб ва ё зидистода – демократизм ҳукмфармо мегардад. Боиси зикр аст, ки ин ду низоми бо ҳам зид асри XX задухурдҳои зиёди сиёсӣ доштанд ва то имрӯз доранд, яке принсипҳои идории дигареро намепазирад. Эҳтимол ҳамин буд, ки – истодагарӣ ва ё муқовимат карда натавонистани низоми коммунистӣ / сотсиалистӣ (аввалҳои соли 90-ум) ба пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ боис гардид. Дар баробари ин ба ҷомеаи худ то / дар ҳамин давра сахтиҳои зиёд – таназзули сатҳи иқтисодӣ, норасоии озуқаворӣ, мувофиқан камбизоатӣ, тангдастӣ, ноумедӣ ва дигар оқибатҳои нохуш ба бор овард. Аз ҷумла, Тоҷикистонро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғуш гирифт, низоми идорӣ бо тамом барҳам хурд ва халқ на танҳо камбизоат гардиданд, балки барои зинда мондан талош менамуданд. Ин консепсияи идории хушбахтона пасмонда ва ё гузаштаро мумкин аст ба ташкилоти шабакавие иборат аз 15 зертобеъ / зерташкилоти бузург шабоҳат дод, ки ташкилоти болоиро дар ҳама намуди фаъолият итоат намуда, барои / бо он кор мекарданд. Лекин ҳангоме, ки ташкилоти болоиро буҳрон, бахусус таҳдиди сиёсӣ дучор омад ва муфлис, камиқтидор гардид, ташкилотҳои зертоберо ба ҳоли худ гузошт, аз масъулият ва уҳдадории парасторӣ, таъминот ва ҳифзи манфиатҳои онҳо даст кашид, ҳол он ки тамоми ғанимат ва арзишҳои моддӣ дар истифодаи бевоситаи он (ташкилоти болоӣ) қарор дошт. Аз ин собиқаи талхи ҳаёт, ки кулли шаҳрвандони собиқ кишварҳои узви ИҶШС, бахусус Тоҷикистон онро диданд, хулоса бармеояд, ки поёни / оқибати низоми идоракунии авторитарӣ ва ё ҳукмронии мутлақ, ин шикаст, беҳокимиятӣ ва дар як замон аз даст додани тамоми иқтидор ва ғанимату арзишҳои моддию моллӣ мебошад.
Низоми идоракунии демократӣ бошад, барои Тоҷикистон баракс новобаста аз «меросҳои низоми гузашта» ба халқ ҳамчун миллат, соҳибфарҳанг, соҳибтамаддун ва давлат мустақилият, соҳибихтиёрӣ ва комилҳуқуқӣ дод ва дар муддати кӯтоҳтарин ҳамчун воҳиди том ба ҷаҳониён ҳамчун узви комилҳуқуқ шинохт намуд.