ва бо ин васила дар ҷамъият ҳамчун воситаи амалии такмилдиҳандаи низоми идоракунӣ метавонад нақш гузорад.

Ҳамин тариқ, вазифаҳои сотсиологияи идоракунӣ дар маҷмуъ механизм ва ё муҳаррикеро ташкил медиҳад, ки тақозои замони муосир буда, бар асоси принсипҳои демократии идоракунӣ – боло гузоштани қимат ва нуфузи инсон ташаккул ёфта, танҳо истифодаи бомароми онҳо низоми устувор ва рушдёбандаи идоракунии ҳар як ташкилот, гуруҳҳо ва ҷамъиятҳоро метавонад таъмин созад.

3.3 Объект ва предмети сотсиологияи идоракунӣ

Ҷараёни идоракунӣ, ки аз ҷузъҳои бисёр ва гуногунсифат иборат мебошад дар доираи илмҳои гуногун – сиёсатшиносӣ, ҷомеашиносӣ, равоншиносӣ ва иқтисодӣ омӯхта мешавад. Аммо ҳар кадоме аз онҳо объект ва предмети хоси тадқиқотро барои худ ҷудо менамояд.

Зимнан объекти сотсиологияи идоракунӣ – ин ҷараёнҳои идоракунии дар ҷомеа ва зерсохторҳои алоҳидаи он (сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, иҷтимоӣ – фарҳангӣ) ва ё ташкилотҳо (корхонаҳо, муассисаҳо ва диг.) амалдошта мебошанд, ки баррасӣ ва тафсири онҳо ҳамчун амалҳои мутақобилаи иштироккунандагони гуруҳҳои оилавӣ, касбӣ, ҳудудӣ ва гуруҳҳои дигари муттаҳидшуда, равандҳои мухталифи ҳамкорӣ, дастгирии мутақобила ва рақобатнокӣ ба роҳ монда мешавад.

Предмети сотсиологияи идоракунӣ – ин омӯзиш, баҳодиҳӣ ва такмилдиҳии ҷараёнҳои идоракунии намудҳои гуногуни ҷамъиятҳо, ташкилотҳо, институтҳои иҷтимоӣ ва дар умум ҷомеа мебошад. Ҳар кадоме аз ин институтҳо, албатта дар худ низоми махсуси амалҳои мутақобилаи иҷтимоии фардҳо ва гуруҳҳои одамонро ифода мекунанд.

Муайян кардани объект ва субъекти сотсиологияи идоракунӣ ба мо имконият медиҳад, ки ҷузъиёти беши ин соҳаи илми ҷамъиятшиносиро муайян созем.

Сотсиологияи идоракунӣқисми илми ҷомеашиносӣ мебошад, ки низом ва равандҳои идоракуниро дар чаҳорчӯбаи муносибатҳои идоракунӣ меомӯзад.

Сотсиологияи идоракунӣ фаъолияти гуногуншакли мақомоти идоракунӣ, давлатӣ ва ҷамъиятиро ҳамчун низомҳои иҷтимоӣ меомӯзад, аз ҷумла мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд:

– интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва омодасозии кадрҳои идоракунанда дар маҷмуъ;

– муносибат ва амалҳои мутақобилаи байни кормандони дастгоҳи маъмурӣ (роҳбарикунанда), зертобеъ ва кормандони сохторҳои ташкилӣ;

– ташаккулдиҳии мақсадҳои идоракунӣ бо назардошти меъёрҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ, иҷтимоӣ-психологӣ ва мувофиқати онҳо ба манфиатҳо ва интизориҳои кормандон;

– масъалаҳои марбут ба такмили механизмҳои бонизоми иҷтимоӣ, ки ба омӯзиши амиқ ва таъсиррасонии субъекти идоракунӣ (идоракунанда) ба объекти иҷтимоӣ (идорашаванда) дар роҳи расидан ба мақсади гузошташуда асос меёбад.

Дар маҷмуъ сотсиологияи идоракунӣ сохторҳои идоракунии давлатӣ, ҷамъиятӣ ва муташаккилро ҳамчун як низоми томи иҷтимоӣ меомӯзад. Мавзӯи ин илм интихоб намудан ва ҷобаҷо намудани кадрҳо, танзими дурусти муносибатҳо байни роҳбарият ва кормандон, беҳтар намудани шеваи мудирият ва ғайра мебошад. Дар ин ҷо ҳадафҳои иҷтимоии идоракунӣ бо назардошти меъёрҳои иҷтимоӣ ҳамоҳангсозии манфиатҳои маъмурият ва муносибатҳои кормандон, таҳлили натиҷаҳои татбиқи қарорҳои маъмурият ва муносибатҳои кормандон пеш гузошта мешаванд.

САВОЛҲО БАРОИ ТАҚВИЯТИ ДОНИИШ

– Сотсиологияи идоракунӣ чист?

– Вазифаҳои асосии сотсиологияи идоракуниро номбар кунед?

– Объекти сотсиологияи идоракунӣ чиро фаро мегирад?

– Предмети сотсиологияи идоракуниро тавзеҳ диҳед?

АДАБИЁТ ВА ДИГАР МАНБАҲОИ МАЪЛУМОТ

– Бюрократия [Маводи электронӣ]. – Тарзи дастрасӣ: http://files.school-collection.edu.ru/dlrstore/ae0daf13-6994-8c34.htm

– Гостенина В. И. Социология управления [Матни аслӣ]: Учебное пособие. Стандарт третьего поколения. – СПб.: Питер, 2013. – 368 с.