– Ӯро чӣ кор мекунанд? – Наримон пурсид.
– Ӯро ба Флунҳо хӯрок мекунанд ё ин ки бо шамшери манҳус ба қатл мерасонанд— Самеъ ҷавоб дод.
– Мо набояд, ки ба ин роҳ диҳем— гуфт Наримон.
– Наримон— гуфт Самеъ —Мо ҳеҷ чиз намекунем ба худат аз ҳеҷ чиз кулфат насоз!
– Ҳеҷ чиз? – гуфт Наримон —Дар назди чашмони мо Луизаро кушанд, оё ин ҳеҷ чиз аст? Самеъ, Луиза ба мо бегона нест-ку ту инро хуб медонӣ. Дар ин ҷо мо набояд, ки тамошобин бошем!
– Луиза ба Авранг низ бегона нест— гуфт Самеъ —Агар Авранг ба ҳамин қарор кунад, мо маҷбурем, ки танҳо тамошобин шавем. Мо илоҷи ёрӣ расонидан надорем Наримон. Аз дасти ҳардуи мо ҳеҷ чиз намеояд.
– Оё Сафия ҳоло наомад? – Наримон савол дод.
– Ба фикрам ҳоло не— Самеъ ҷавоб дод.
Наримон давида баромад ва аз паси ӯ Самеъ низ баромад. Вақте, ки онҳо баромаданд, Сафия ба назди Авранг даромада истода буд. Ҳарду аз қафои Сафия барои пинҳона шунавадани сӯҳбати онҳоро рафтанд. Сафия ба назди Авранг даромад. Авранг дар он ҷо танҳо буд ва Сафия гуфт:
– Авранг, ту ҳақ будӣ. Луиза як чизро аз мо пинҳон кардааст.
Наримон ва Самеъ сӯҳбати онҳоро пинҳона гӯш мекарданд.
– Медонистам— гуфт Авранг дар курсии худ нишаста —Чиро пинҳон намудааст ӯ лаънатӣ?
– Луиза духтар доштааст— гуфт Сафия —Ва падари он духтар инсон аст.
Авранг аз курсии худ парида хесту ба ғазаб омад. Чашмону нигоҳаш боз ҳам даҳшатомез шуд. Ӯ аз хашм дандон ба дандон монда гуфт:
– Луиза, ҳоло мебинӣ аз ман пинҳон намудан чӣ тавр мешавад. Сафия бирав! Бадирро гӯй, ки ба назди ман зуд ояд!
Наримону Самеъ давида рафтанд ва Сафия ба берун баромаду Бадирро бо худ овард.
Даме, ки Бадир ва Сафия омад, Авранг ба Бадир гуфт:
– Бадир ба ту як вазифа медиҳам. Бе савол иҷро намо! Ду иблисро бо худ бигир ва дар куҷое набошад ҳам, Луизаро ба назди ман дошта биё ва сабабашро напурс. Дошта ор ва бас!
– Хуб— гуфт Бадир ва баромада рафт.
Ӯ баромада, аз байни иблисҳо ду иблиси бенури бадҳайбадро гирифту аз Тирагоҳ баромада рафт.
– Сафия ту бимон! – гуфт Авранг ба Сафия —Ман ба ту вазифаи дигар медиҳам.
Дар тарафи дигар бошад Наримон беист ба Самеъ мефаҳмонд:
– Самеъ, ту бояд аз Бадир пештар ба назди Луиза рафта, ӯро бояд огоҳ намоӣ. Аидаро гираду ба ҷойҳои дур равад. Ба он ҷое, ки ӯро Авранг ёфта наметавонад.
– Агар маро касе бубинад, ман зинда намемонам инро ту хуб медонӣ— аз рафтан Самеъ саркашӣ мекард.
– Самеъ— гуфт Наримон —Агар ба ман аз ин ҷо баромадан мумкин мебуд, ман фикр ҳам накарда ҳозир ба назди Луиза мерафтам.
– Ман ба ту баромадгоҳи дигарро нишон додам— гуфт Самеъ —Хоҳӣ аз ҳамон ҷо баро. Туро ҳеҷ кас намебинад.
– Хуб— гуфт Наримон —Агар ту рафтан нахоҳӣ, ман меравам. Шарт нест, ки роҳро нишон диҳӣ худам як илоҷ Луизаро меёбам ва огоҳ менамоям.
Наримон ба сӯи баромадгоҳи дигар аз пайроҳаи танг давида рафт. Ӯ аз пайроҳаи торик давида рафта истода буд, аз қафояш Самеъ давида омад.
– Наримон ист! – Гуфт ӯ —Баромадани ту бефоида. Бароӣ ҳам, Луизаро аз ҷангали бепоён ёфта наметавонӣ. Ту бимон. Ба назди Луиза ман худам меравам ва огоҳ менамоям.
– Хуб Самеъ— гуфт Наримон —Ман ба ту бовар мекунам. Эҳтиёт бош!
Самеъ ба сӯи баромадгоҳ саросемавор давид. Ӯ баромадгоҳро кушоду ба паррандаи сиёҳ табдил ёфт ва ба сӯи ҷангалзор бол зад. Ба назди ҳамон баландӣ омад ва алафҳоро саросемавор бо дасташ канд. Дар намоён шуд. Ӯ дар болои кафаш оташ пайдо намуда, ба сӯи дар бо қувва равона кард. Дар шикаст ва аз дарун давида, Луиза ва Аида баромаданд.
– Самеъ?! – гуфт Луиза дар ҳайрат —Ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ? Моро чӣ тавр ёфтӣ?
– Барои фаҳмонидан вақт нест Луиза— Самеъ саросемавор сухан мекард —Дар бораи Аида Авранг ҳамаашро донист. Ту ҳозир Аидаро бигир аз ин ҷо зудтар бирав. Барои дастгир намудани ту Бадир бо якчанд иблисҳо омада истодааст.