Самеъ сарашро ҷунбонида ишораи розигиро дод ва ҳардуи онҳо ба ақиб баргаштанд. Онҳо аз пайроҳа рафта истода буданд, ногоҳ аз дур нури оташе ба назар расид, ки касе ба тарафи онҳо омада истода буд.
– Касе омада истодааст— гуфт Наримон ҳаросида.
– Ба боло! – гуфт Самеъ ва ҳардуи онҳо мисли тортанак ба девор часпида, ба болои пайроҳа баромаданд. Оташ торафт наздик мешуд. Вақте, ки аз поёни онҳо мегузашт, диданд, ки ӯ Луиза буд. Ӯ аз чизе парешонхотир ва саросемавор менамуд. Ӯ баромадгоҳро кушоду баромада рафт ва ҳамон лаҳза аз қафои ӯ Сафия ӯро таъқиб мекард. Пас аз баромадани Луиза Сафия низ аз қафои ӯ баромад.
Наримон ва Самеъ ҳайрон ба поён фаромаданд.
– Аҷабо! – гуфт Самеъ —Барои чӣ Луиза баромадгоҳи асосӣ истода, аз ин ҷо баромад?
– Ва барои чӣ Сафия ӯро пинҳона таъқиб мекунад? – ҳайрон шуд Наримон —Оё ин ба ту ғалатӣ наменамояд?
– Ба фикрам Луиза ягон сир дорад ва Сафия онро донистан мехоҳад— шубҳа намуд Самеъ.
– Чӣ сир бошад, ки ҳатто аз хоҳари худ пинҳон намояд? – гуфт Наримон —Самеъ, ман худам бармегардам. Ту аз паси онҳо рав ва бидон, ки дар ин ҷо чӣ шуда истодааст? Сабаби парешон ва саросема будани Луизаро фаҳм. Ман туро дар поён интизор мешавам.
– Хуб— гуфт Самеъ —Дар поён вомехӯрем.
Ӯ баромадгоҳро кушод. Самеъ худро аз баландӣ партофта, дар ҳаво ба паррандаи калони сиёҳ табдил ёфт ва аз паси Луиза ва Сафия парвозкунон рафт.
Наримон худ баргашт. Вақте, ки ӯ аз назди даромадгоҳи Флунҳо гузашта рафта истода буд, аз болояш санге дар ҳаҷми мушт ба таги пояш афтид. Наримон сангро диду, мехост бидонад, ки ӯ аз куҷо афтид ва оҳиста ба боло нигоҳ кард. Болои он пайроҳа кафида буд ва сангҳои он номустаҳкам меистоданд, ки гӯё ҳозир сангҳо меафтанду пайроҳаро мепӯшанд. Наримон зуд аз таги ӯ гузашта рафт.
– Хайрият—е, ба сарам наафтид— гуфт ӯ худ ба худ.
Дар берун бошад, Сафия аз паси Луиза пинҳона мерафт ва ҳардуи онҳо дар назари Самеъ буданд. Луиза аз Сафия бехабар ва Сафия аз Самеъ бехабар мерафтанд. Пас аз кӯҳсорон ҷангалзори ниҳоят калону сердарахт буд, ки гӯё охир надошт. Ҷангалзорро як дарёи калон ба ду тақсим намуда буд. Манзараи он ҷо ниҳоят зебо буд. Ҳар сеи онҳо ба ҷангалзори бепоён даромада рафтанд. Луиза саросемавор зуд роҳ мерафт. Сафия эҳтиёткорона аз паси ӯ ва аз паси ҳар дуи он ба қафои дарахтони калон пинҳон шуда, Самеъ мерафт. Луиза ба назди як баландие, ки бо алафони ба монанди ресмон печонидашуда омад. Ӯ кафашро ба тарафи баландӣ кушоду ким-чи пичирос зад. Алафҳо оҳиста худ аз худ кушода шуданд ва дар ақиби алафҳо як дари чӯбине буд. Луиза ба назди дар омаду уро бо дасташ се маротиба зад ва гуфт:
– Аида дарро кушо, ин ман.
Дар кушода шуд ва аз дарун як духтарчаи зебое, ки тақрибан сенздаҳсола менамуд, баромад. Ӯ мӯйҳои қаҳваранги ҷингилаи то миён, чашмони нурафшон ва овози форам дошт. Ӯ «Модар» гӯён Луизаро ба оғӯш гирифт. Самеъ ва Сафия бошанд ба гӯшу чашмони худ бовар намекарданд.
– Чӣ? – гуфт Самеъ худ ба худ – Оё Луиза духтар дорад?
Луиза ба ҳар тараф нигоҳ кард ва ба духтараш Аида гуфт:
– Биё тезтар ба дарун дароем!
Даме, ки Луиза бо духтараш даромада рафтанд, Самеъ ба сӯи Тирагоҳ баргашт. Ӯ ба Тирагоҳ даромад, ва ӯро дар он ҷо Наримон интизор буд. Даме, ки ӯ даромад Наримон ба наздаш давида омад ва савол дод:
– Чиро дидӣ? Чӣ шуд?
– Наримон, ба ҷое, ки касе нест равем— гуфт Самеъ —Ба ту гап дорам.
Онҳо ба хонаи Наримон рафтанд. Наримон бесаброна саволҳо медод:
– Чӣ шуд? Оё дар ҳақиқат Луиза сир доштааст?
– Бале— Самеъ тасдиқ кард —Сири калон ва оқибаташ даҳшатангез. Луиза Духтаре бо номи Аида доштааст. Маълум, ки падари Аида аз зоти инсоният. Аз ҳама бадтаринаш дар он аст, ки аз ҳамаи ин Сафия бохабар шуд ва Сафия ҳамаашро ба Авранг мерасонад ва барои пинҳон доштагиаш худат медони Луизаро чи кор мекунанд.