– Ҷавобро интизорам— гуфт Авранг —Розӣ ҳастӣ ё не?
Камар ба чеҳраи хурдакаки Наримон нигоҳ карду ҷавоб дод:
– Розӣ ҳастам!
Фасли дувум
Асрори Тирагоҳ
Аз байн чордаҳ сол сипарӣ гашт. Наримон ба синни чордаҳ расид ва ҳоло бори нахуст ҳам инсонро надидааст. Ҳаёти инсонӣ чи буданашро намедонист. Ӯ дар байни иблисҳо, мору тортанакҳо калон шуд ва дар бораи некӣ, зебогӣ ва меҳр ҳатто тасаввуроте надошт. Намедонист, ки дард чӣ аст. Ба фикри наримон ҳаёт ин даруни Тирогоҳ аст ва Тирагоҳ тамоми дунёи Наримон буд. Дар давоми чордаҳ сол ҳатто ба баромадгоҳи Тирагоҳ наздик ҳам нашуд.
Наримон писараки содда буд ва мӯйҳои ҷигарию чашмони калон – калон, ки ранги чашмон низ ранги мӯйҳои ӯ ҷигарӣ буданд. Дар вақтони охир Наримон бисёр таъсирчан шуда буд, ки ин хислати ӯ Камарро хавотир мекарду ғазаби Аврангро меовард. Соддадил будани ӯ дар назди амакбачааш Самеъ боз ҳам намоёнтар мешуд.
Самеъ писари Бадир буд. Ӯ аз Наримон як сол хурд буд, аммо аз Наримон зиёд чизро медонист. Самеъ мисли падараш бераҳм, сангдил буд. Ҳайвонҳои дар Тирагоҳ бударо кушта, морҳоро майда – майда карда мегашт. Ӯ мӯйҳои зард, чашмони кабуд қомати хароб ва дандонҳои калон – калон дошт. Ба хулқи хунуки ӯ нигоҳ накарда, Наримон ва Самеъ муносибати хуб доштанд.
Модари Самеъ яке аз иблисҳои Тирагоҳ Кибрия буд. Кибрия аз намуди зоҳирӣ бо Самеъ монанд буданд. Ӯ низ мӯйҳои зарду чашмони калони кабуди ранги хунукӣ, пешонаи майда дошт ва шакли рӯи ӯ рӯи қурбоққаро ба назди чашм меовард. Кибрия Наримонро хуш намедид ва Ба Самеъ бо Наримон вақти зиёд гузаронданро манъ мекард. Аммо ба муқобилияти Кибрия нигоҳ накарда, Самеъ вақти зиёди худро бо Наримон мегузаронид, барои он, ки дар тирагоҳ дигар иблиси наврас набуд.
Рӯзе Наримон як морро дар даст бозикунон нишаста буд, ба наздаш Самеъ омад.
– Наримон— гуфт Самеъ —Ҳаёти ту умуман ғайриоддӣ. Аз саҳар то шаб ҳайвонҳоро бозикунон менишинӣ, ягон сеҳру ҷодуро омӯхтан намехоҳӣ, аз Тирагоҳ дар ҳаётат набаромадӣ. Барои чӣ айнан ба ту баромадан мумкин нест? Сабабаш чӣ бошад?
– Ман низ шабу рӯз ба худам савол медиҳам— гуфт Наримон —Чаро айнан ман? Чаро ба ман мумкин нест, ки ба берун бароям ва одамонро бубинам. Самеъ, ту бори зиёд ба берун баромадӣ. Ҳаёт дар берун чӣ хел? Зоте, ки «Инсон» ном дорад чӣ хел аст?
– Ба ту чӣ тавр тасвир кунам— гӯён Самеъ ба девор нигоҳ карду инсониятро тасвир кард —Инсонҳо тарсончак ва камқувват. Онҳо сеҳру ҷодуро намедонанд, ба ягон ҳайвон табдил ёфта наметавонанд, бо як сухан инсонҳо аз ҳама зоти заиф ҳастанд. Чаро айнан дар бораи инсонҳо мепурсӣ, на ин ки афсунгарҳову париён?
– Надонам— ҷавоб дод Наримон —Худ низ намедонам, ки чаро дар бораи инсоният зиёдтар донистан мехоҳам.
Оҳи чуқур кашид ӯ.
– Наримон бихез! Ба ту як чизро нишон медиҳам.– гуфт Самеъ —Аниқ медонам, ки ту инро надидаӣ ва дар ҳайрат мемонӣ!
– Самеъ— гуфт Наримон —Ба берун баромадан ба ман қатъиян манъ аст. Ту инро хуб медонӣ.
– Ба берун намебароем— гуфт Самеъ —Он чиз дар ҳамин ҷо, дар даруни Тирагоҳ аст.
– Оё дар ин ҷо ягон чизе ҳаст, ки ман намедонам? – Наримон ба тааҷҷуб афтид ва мори бозӣ кардаистодаашро ба гарданаш гузошту аз ҷояш хест.
Онҳо бо як пайроҳаи танг ба боло баромаданд.
Самеъ роҳравон гуфт:
– Ман ҳам намедонистам. Дирӯз падарам ба ман нишон дод ва ман низ ба тааҷҷуб афтидам. Падарам ба ман ду асроре, Тирагоҳ дорад, нақл кард. Шояд ҷойҳое, ки мо намедонем, дар ин ҷо зиёд бошанд.
Пайроҳа хеле танг, дароз ва то рафт ториктар мешуд. Самеъ барои роҳро дидан дар кафаш оташ пайдо кард. Наримон низ каф ба боло, дасташро кушод ва дар болои кафи ӯ оҳиста оташ пайдо шуд. Онҳо роҳро давом медоданд. Дар як ҷое, ки пайроҳа гардиш дошт, истоданд.