Даме, ки Камар ба он ҷо ворид шуд, дар он ҷо чаҳор бародарон ва хоҳарони ӯ буданд. Ду бародар ва ду хоҳар. Бародари калонии ӯ, ки сардори Тирагоҳ буд, дар курсӣ менишаст. Ҳамон бародарашро Авранг меномиданд.
Авранг иблисе, ки ранги хунук, чашмони сафеду зард, бемӯ буд. Аз сараш ду шохи кӯтоҳ баромада буд. Аз берангии пӯст, рагҳои кабуди ӯ дар баданаш намоён буд. Дар рӯи чап, аз таги чашм то назди лаб асари захм буд. Лабони кабуд ва даҳони калон дошт. Дар тан либоси сиёҳи ғайриоддие дошт, ки гӯё пӯсти морро дар тан дошта бошад. Камар мисли иблисҳои дигар бераҳм, бешафқат, худбин ва сангдил буд. Шахсе, ки бо гапи ӯ розӣ нашуд, раҳм намекард. Барои ҳамин дар Тирагоҳ ҳама аз ӯ меҳаросиданд.
Бародари дуюм Бадир ном дошт. Хулқи Бадирро фаҳмидан душвортар буд. Дар чеҳраи ӯ ягон эҳсосот на ханда, на ғамгинӣ, дида мешуд. Ӯ ҳамчун одами оҳанин рафтор мекард. Чашмон ва мӯҳои сиёҳ, дандонҳои каҷу килеб, қомати боқувват дошт. Дар тан либоси дарози сиёҳ, дар даст шамшер дошт.
Хоҳари калонӣ бошад Сафия буд. Ранги Сафия аз ҳад зиёд сафед, қомати хароб ва чашмони калони кабуд дошт, ки аз намуди зоҳирӣ мори обиро ба ёд меовард. Мӯйҳои сиёҳи баланд, дар тан либоси сиёҳи дароз ва миёнбанд дошт.
Хоҳари аз ҳама хурдиро Луиза меномиданд. Луиза ба дигарон монанд набуд. Ӯ ранги нисбатан гармтар, мӯйҳои сурхчатоб, абрӯҳои борик, қомати хароб дошт. Ӯ нисбат ба иблис бисёртар ба инсон монандтар буд.
Авранг нисбат ба Камар ва Луиза зиёдтар Бадир ва Сафияро ҳуш медид. Барои он, ки ҳардуи онҳо фармонҳои ӯро бе ягон камбудӣ ва муқовимат иҷро мекарданд. Камар ва Луиза бошанд, аз намуди зоҳирӣ зиёдтар инсониятро ба хотир меовард ва зоте, ки Авранг дар ин дунё нисбаташ нафрати калон дошт, инсоният буд. Авранг инсониятро ночор, қабеҳ ва беқувват зот меҳисобид. Мақсади аввалиндараҷаи Авранг, аз болои тамоми инсоният ҳукмронӣ кардан, дунёро ба дасти худ гирифта, ба зулмот табдил додан буд.
Камар оҳиста Наримонро бардошта, даромад. Ҳар чаҳори онҳо ба Камар ва ба кӯдаке, ки дар дасти ӯ буд, нигоҳ карданд. Авранг оҳиста аз ҷои худ хест.
– Наримонро овардам— гуфт Камар ба Авранг нигоҳ карда —Чӣ тавре, ки фармоиш додӣ.
– Ниҳоят— гуфт Авранг —Он зот ба ҳузури ман ташриф овард.
Ӯ оҳиста ба Камар наздик шуда, ба кӯдак нигоҳ карду суханонашро давом дод:
– Он зоте, ки на иблис ва на инсон. Он зоте, ки дар дарунаш хуни бузурги иблисҳо бо хуни қабеҳи инсон омехта аст. Ин кори ту барои зоти мо пасткашӣ аст— ӯ ба Камар нигоҳ кард.
Камар бошад, ба замин нигоҳ мекард. Авранг суханонашро давом дод:
– Наҳод, ту ҳамин зотро, ҳамин мисли шапарак беқувватро «писарам» гӯён фахр мекунӣ?
– Ту оварданро фармон додӣ, овардам— ҷавоб дод Камар.
– Оё медонӣ, чаро ин тавр фармон додам? – пурсид Авранг ва Камар сухан накарда гапашро давом дод —Барои он, ки зоте хуни иблисро дорад, набояд бо инсонҳо ба воя расад. Набояд дар тарафи инсоният бошад. Барои ҳамин писарат ё дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунаду мисли иблиси ҳақиқӣ ба воя мерасад ва қоидаҳои моро азхуд менамояд, ё умуман зиндагӣ намекунад!
Камар сарашро бардошта ба Авранг нигоҳ кард.
Авранг суханашро давом дод:
– Медонам, ки кадом роҳро интихоб мекунӣ ва пешакӣ гӯям, ки писарат то ба синни ҳаждаҳ расидан аз Тирагоҳ як қадам ҳам ба берун намебарояд, инсониятро намебинад, модараш инсон будагиашро намедонад. Фақат бо қонуну қоидаи иблисҳо зиндагӣ мекунад. Агар ба ҳаждаҳсола нарасида аз Тирагоҳ барояду ба инсоният ҳамроҳ шавад, ҳамон рӯз ҳам туро ва ҳам писаратро марги бешафқат интизор аст. Агар ба ҳамин шарти ман розӣ бошӣ, писарат зинда, дар ҳамин ҷо мемонад.
Камар хомӯш меистод. Ҳама бошад ҷавобро интизор буданд.