– Аз ҳад зиёд шав-шав накун, духтарҷон. Вай куҷою ошиқӣ куҷо!? Аз даҳонаш бӯйи шир меояду…
–Ман дурӯғ намегӯям, додоҷун. Худаш гуфт, ки: «дилам девона шудагӣ… Агар Мирмалик пеши назарам ояд, сарам чарх мезанад… Агар номи Мирмалика шунавам, гӯшам метафсад».
– Ин хел гапҳо гуфта бошад, вай ошиқ нею девона шудагӣ!
– Очакалонам мегуфтанд, ки ошиқу девона якест!
– Ман ҳам шунидаам, духтарҷон. Лекин… ҳамон очакалонат мегуфтанд, ки духтари қадрас моҳе се рӯз девона мешавад. Се рӯзе, ки мо ба Исфара рафта омадем, шояд айни ҷунуни вай буд, ки гузашту рафт!
– Не, додоҷун, ба гузашта салавот гуфтан барвақт. Чунки Назокат якравона рӯ ба Хуҷанд дораду алангаи дилаш рӯз ба рӯз баландтар забона мезанад.
– Сайру тамошо рафтан мехоҳад?
– Не, додоҷун. Яковоза мегӯяд, ки «Сангу хоку гову хари Ворух ба дилам зад, Хуҷанд мераваму халос!» Боз мегӯяд, ки «аз деҳ шаҳр беҳ…»
– Ҳамааш фаҳмо, духтарҷон! Гапи носазои носипосро дигар давом надиҳӣ, хубтар… Вай ҳанӯз кӯдак аст, аз нодонӣ девонатарошӣ ва дилхарошӣ мекунад.
– Девонаи ба кори худаш ҳушёр амакдухтари ман! Ин пагоҳӣ савганд ёд кардааст, ки ба Хуҷандравӣ иҷозат надиҳанд, ҳеҷ таом намехӯрад.
– Наход?! Инаш гапи тамоман дигар! Маълум мешавад, ки азми Назокат сар-сарӣ нест. Ҳамааш айби ман… Чаро шуморо ба Исфара бурдам?! Чаро баҳси шуморо нашикастам!? Акнун акоям чӣ мегӯянд??
– Ба фикри шумо чӣ мегӯянд?
Абдулсайид аз саволи печида печ хӯрда, бо заҳрханд ба теғи ранда нигаристу муддате хомӯш истод. Сипас наздиктари Нигина омада, саволбозиро идома дод:
– Ба фикри ту чӣ мегӯянд?
– Мегӯянд, ки баҳор шавад, боз ба тамошои Наврӯз меравем, – дарҳол ҷавоб гардонд Нигина ва афзуд. – Акнун навбати посух аз шумо, додоҷун: амакам чӣ мегӯянду амакаш чӣ андеша доранд?
–Амакаш ба ҳама гапу кори амакат розӣ, ки инро ту хуб медонӣ, духтарҷон! – аввал ба пурсиши дуюм посух гардонд Абдулсайид. –Ҷавоб ба саволи асосӣ ин аст, ки агар Назокат пойбаста намебуд, амакат дарҳол вайро ба Хуҷанд бурда, ҷо ба ҷо мекарданд, то дилшикаста нашавад.
– Назокат чӣ хел пойбаста?!
– Амакдухтарат ба писаркалони кадхудои деҳа номзад шудагӣ, соли оянда тӯю тамошо мешавад. Аз ҳамин сабаб Назокат сад зӯр занад ҳам, ба ҷойе ҷунбида наметавонад.
– Савгандаш чӣ мешавад?
– Амакат барои харидани куртаю ҷома ва зару зевари арӯсӣ Назокатро дертар нею барвақттар ба Хуҷанд мебаранду гап тамом – қасам шикаста мешавад!
Ба чунин осонӣ ҳал гардидани муаммо ва хориҷ шудани як муддаӣ дили Нигинаро ором намуд. Лекин забонаш лол гашт. Зеро медонист, ки гуфтугӯйи асосӣ – сӯҳбати рӯёрӯ ва ҳалкунанда бо падар акнун шурӯъ мешаваду барои дилрас гардидани ҳусни оғоз ва сарҷамъ намудани фикрҳои парешон андаке таваққуф мебояд. Аммо падар хомӯширо хотимаи сӯҳбат ҳисобид ва хурсанд шуд, ки ба ҳама пурсишҳо ҷавоби қаноатбахш гардонд. Бо табассуми фароз аз ҷой хест, то Нигинаро аз дар гуселонад. Вале духтар барои гуфтани сухани хайрбод имкон надод:
– Ҳамин қадар сӯҳбат кардему ғайр аз байту ғазали Назокат дигар ягон гапе нагуфтем, додоҷун. Лоақал напурсидед, ки «эй духтари ҷон, чӣ ҳол дорӣ?»
– Ҳоҷати пурсидан не, духтари ҷон! Мебинам, ки сиҳату саломат, мисли гул шукуфон ҳастӣ!
– Шумо ҳам дигар додоҳо барин: фақат рӯйи духтара мебинеду ба дилаш нигоҳ намекунед…
– Дили духтар назаргоҳи модар асту вай ҳар он чӣ бинад, дарҳол ба падар хабар медиҳад. Осуда бош, эй духтарҷон, вай аллакай ба ман гуфтааст, ки баъди аз Исфара омадан ту дили парешон дорӣ. Имрӯз сабабашро фаҳмидам, ки қалби нозукатро Назокат ба изтироб андохтааст…
– Боз гапи Назокат… Дарвоқеъ, шумо ишора кардед, ки агар амакдухтарат пойбанд намебуд, шояд ба Хуҷанд мерафт. Поям, ки баста нест, додоҷун, оё ман ба ҷойи дилхоста сафар карда метавонам?