– Биё духтарҷон, ҳама ҷо тинҷӣ?
– Парешон нашавед, додоҷун, ҳама тинҷу осуда.
– Ин хел ки бошад, хуш омадӣ, духтарҷон!
– Хушбахт бошед, додоҷун. Ман ҳамту… шумоя хабаргирӣ омадам.
– Хуб кардӣ, духтарҷон, фарзанди нағз ҳамеша аз ҳоли падар хабар мегирад.
– Меҳри падарфарзандӣ мана пеши шумо овард, додоҷун! Бовар кунед, гапҳои нағзу ширинатона ҷудо ҳам ёд кардагӣ ман, овозатона шунавам, дилам гум мезанад…
– Наход?
– Ба Худо қасам, ки рост мегӯям, додоҷун. Қариб ду сол мешавад, ки бо ман дуруст гап намезанед, ҳушу ёдатон ба додаракам банд, – овози Нигина худ аз худ ларзид ва қатраи ашк аз чашмаш чакид. – Ман ҳам фарзанди шумо, додоҷун!
Абдулсайид, ки чунин оғоз ёфтани сӯҳбатро интизор набуду аз ташрифи ногаҳонии духтар маънии дигар бардошта буд, гунаҳкорона табассум намуда, пеши Нигина омад ва сари ӯро бо меҳр ба сандуқи сина часпонда, тахтапушташро бо кафи дасти обиланок навозиш карду лаб ба тасалло кушод:
– Гилаат нури дида, духтарҷон. Дуруст мегӯйӣ, додаракатро беҳад дӯст медорам. Лекин… ҷойи ту дар мағз-мағзи ҷонам! Аз тамоми мавҷудоти олам ту барои ман беҳтарини беҳтаринӣ, духтарҷон, ки маро ба хушрӯзӣ расондӣ.
– Меҳри гарми шумоя бисёри бисёр ҳис мекунам, додоҷун, лекин сухани нарми шумоя вақтҳои охир кам мешунавам… Ҳатто… як шабу як рӯз дар як ароба ҳамроҳ аз Исфара умадему шумо лоақал бо ман чор калима гап назадед…
– Тамоми роҳ бо Назокат баҳсу талошу гапгузаронӣ кардед. Баҳси шуморо шикастан нахостам…
Нигина чашмонашро аз нигоҳи мӯшикофи падар дур гурезонда, мубоҳисаи болои аробаро ба ёд овард, ки оғозаш аз ҷумлаи таҳсиномези Абдулмаҷид буд: «Қандаша занад, Мирмалик, як олам бойигариро аз Исфара ба Хуҷанд бурд!» Мадҳи шоирро Назокат тарзи дигар шарҳ дод:
– Агар пули амакаму падарама ягон одами бегона мегирифт, лав-лав сӯхта, биҷӣ мешудам. Хайрият, ки мукофот ба одами худӣ – Мирмалики ба ҷону дил баробарам насиб кард!
– Оҳистатар! – аз остини хоҳар кашид Назорат. – Саҳл худатро нигаҳ дор. Маънои гапат ганда…
– Ганда не, нағз! Мирмалик худаш бачаи нағз, қаду қоматаш нағз, чашму абрӯяш нағз, хандидану гап заданаш нағз, боз… аспу аспсаворияш, камону тирпарронияш нағз! Ин қадар нағз ҳеҷ вақт ганда намешад. Ҳар кӣ ганда гӯяд, худаш ганда!
Таънаи Назокат ғаши Назоратро оварду кашмакаши хоҳарон то Чоркӯҳ тӯл кашид. Оқибат ҳар ду сулҳ бастанду ба Нигина часпиданд. Сабабгор боз шоир Абдулмаҷид гардид. Вай хоҳаронро ба ифоқа оварданӣ шуда, гуфт: «Ҳар дуятон ҷон коҳонда, Мирмаликро ба осмони ҳафтум мебардореду лекин вай ба ҳеҷ кадоми шумо лоақал ягон гапу ҳарфи нағз нагуфтааст. Вале ба Нигина се бор тӯҳфа додаасту вай ба лабаш кулӯх молида, ҷим шиштааст. Аз Нигина ибрат гиред!»
– Ҷим нашишта, чӣ кор ҳам мекунад? – дарҳол оташ гирифт Назокат. – Он тӯҳфаҳо азони Мирмалик не, супориши дигарҳоя иҷро кардагӣ вай…
– Тӯҳфаи наврӯзӣ чӣ?
– Ҳамун се хурӯсқанд?! Оъ… ба ҳар сеямон яктоӣ дод-ку…
– Не, тӯҳфаи ҳозирҷавобӣ буд.
– Агар Нигина маҳмаддоноӣ намекард, худам ҷавоб мегардондам… Хайр, бало ба паси хурӯсқанд! Аз ин баъд Мирмалик беҳтарин тӯҳфа ба ман медиҳад.
– Чӣ хел?
– Ба падарам мегӯям, ки аз Хуҷанд ҳавлӣ харанд. Бо Мирмалик ҳамсоя, ки шудем, тӯҳфа додану гирифтан кори осон…
– Хаёли хуш, вале амри муҳол аст! – хандид Нигина ва оташи баҳс баландтар забона зада, то Ворух хомӯш нашуд…
– Чаро баҳси моро нашикастед, додоҷун?
– Андеша кардам, ки агар ҳарфе гӯям, Назокати арбадаҷӯ ғавғо то осмон мебардорад…
– Назокат арбадаҷӯ не, додоҷун. Вай бечораҳол… Намедунад, ки сараша ба куҷо занад…
– Бойдухтар бечораҳол намешавад, духтарҷон!
– Мешавад, додоҷун. Аз ин ҳам бадтар мешавад. Баъди баҳси ароба аҳволи Назоката дида фаҳмидам, ки агар духтар ошиқ шавад, ба балои азим гирифтор мешудааст!