Идоракунии давраи муосир аз соли 1991 бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон оғоз мегардад, ки онро метавон ба шаклҳо ва ё сохторҳои зерин ҷудо намуд:

– Идоракунии конститутсионӣ;

– Қонунгузорӣ ва ё намояндагӣ дар идораи давлатӣ (шохаи ҳокимият);

– Ҳокимияти судӣ;

– Ҳокимияти иҷроия;

– Мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ дар идоракунӣ;

– Ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Ҳар як шакл ва ё шохаи идоракунӣ дар навбати худ, аз низоми ба худ хос ва сохтори мансуб ба унсурҳои демократии идоракунӣ иборат мебошад.

Умуман баъди пош хурдани давлати абарқудрати Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон сохти идоракунии демократиро ва ё тибқи назариёти муҳаққиқон Ҷ. Локк, Б. Спиноз ва Ж. Руссо идоракунии либералиро пеш мегирад.

Чун давлати мустақил асоси фаъолият ва низоми ҳуқуқии идории Тоҷикистон мутобиқи Конститутсия муқаррар карда шудааст.

2.4. Рукнҳои конститутсионии идоракунӣ

Пеш аз ҳама мебояд зикр намуд, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ мебошад. Мутаносибан илми идоракунии иҷтимоӣ ва ё сотсиологияи идоракунӣ барои рушду нумӯи сохтори идории кишвар нақш ва саҳми хеле муҳим метавонад гузорад, зеро ҷанбаҳои илмию назариявӣ ва методологии идоракунии иҷтимоӣ пурра зери ин илм фаро гирифта шудаанд.

Тибқи моддаи 27 Конститутсия оварда шудааст, ки: «шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар идораи сиёсӣ ва давлатӣ бевосита ва ё бавосита иштирок намояд». Ин меъёр дар навбати худ, ба назарияи олимони шинохтаи Ғарб Элтон Мэйо (1880—1948) оид ба муносибатҳои инсонӣ дар идоракунӣ – иштироки кормандони қаторӣ дар идоракунӣ ва назарияи Абраҳам Маслоу (1908—1970) оид ба талаботи инсонӣ мутобиқ мебошад, ки он шахсро ба эҳсос намудани зарурат ва мақому мавқеи худро дар ҷойи кор водор месозад, то ин ки руҳбаланд гардад ва пайваста баҳри пешрафт дар фаъолияти меҳнатӣ талош варзад.

Умуман ҷанбаҳои идоракунии давлатӣ дар моддаҳои 1, 6, 8, 11, 12, 27, 28, 35, 37, 39, 48, 64, 73, 76, 84 ва 93 Конститутсия ба таври возеҳ оварда шудаанд, ки дар поён тафсир дода мешаванд.

Тибқи моддаи 1 Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Демократӣ будани давлат ба он асос меёбад, ки принсипҳои идоракунӣ сарбаста (догма) набуда, дар шаклу намудҳои дастрас ва мувофиқ барои одамон пешниҳод карда мешавад.

Шакли идории давлат президентӣ мебошад. Боиси зикр аст, ки дар ҷаҳон мамлакатҳо зимни идоракунии тарзи демократӣ ба се намуди сохти идорӣ: президентӣ, парламентӣ ва омехта ҷудо мешаванд. Президентӣ интихоб шудани шакли идории давлат танҳои хусусияти ташкилӣ надошта, он ҳамчун институти муносиб ба имконот ва талаботи ҷомеа, мувофиқ ба урфу одат ва фарҳанги идории миллӣ, имтиҳоншуда, пурмаҳсул, устувор ва муваффақ дар шароити Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин нишондиҳандаҳо ба халқи Тоҷикистон дар симои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр возеҳ аён гардид ва ба ин муносибат дар соли 2016 ва охири соли 2015 се ташаббуси наҷиби таърихӣ ҳамчун рамзи эҳтиром ба Сарвари кишвар, зимнан комёбии ин институти идорӣ пеш гирифта шуд: 1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул гардид; 2) тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуданд; 3) ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид гардида, 16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ муқаррар карда шудааст, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ин меъёр инъикосгари он аст, ки дар идоракунӣ принсипҳои иҷтимоӣ пеш гузошта мешаванд, бахусус эътироф кардани талабот ва имконоти инсон дар истеҳсолот, ки барои рушди рукнҳои гуманистии идоракунӣ ва ташаккули низоми муносиби иҷтимоӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.