Самеъ гапашро то охир нарасонид.
– Маро чӣ? – пурсид Наримон ба чашмони ӯ нигоҳ карда.
– Туро ҳаромхун номид— ҷавоб дод Самеъ.
– Ҳаромхун? – Наримон дар ҳайрат монд —Авранг Аидаро ҳамин тавр номид. Аз ин бармеояд, ки мо бо Аида якхела будаем. Хуни ман ҳам омехта аст? Падарам ба ман модарат иблис ва ӯро одамон куштаанд гуфта буд.
– Наримон, ту ин гапро аз ман нашунавидӣ. Фаҳмо! – гуфт Самеъ —Ман рафтам.
Самеъ баромада рафт.
Ҳама гапҳои Аида, Авранг ва Камар як ба як ба пеши назари Наримон меомад:
«Ту иблис нестӣ!,«Дар қалби ту одамигарӣ ҳаст, некӣ ҳаст», «Ин воқеаи нахустин дар Тирагоҳ нест», «Агар маро падарам гӯӣ, ин гапҳоятро дигар нагӯ», «Модар», «Бубахш», «Маро куш, ӯро сар деҳ»
Наримонро чизе азоб медод, ва мехост, ки бо овози баланд дод бизанад.
Фасли чаҳорум
Вазифа ба Самеъ
Дар тарафи дигари Тирагоҳ бошад, Авранг ва Бадир меистоданд. Сафия ҳоло наомада буд ва онҳо аз гурехта рафтани Аида бехабар буданд.
– Чаро, ки Сафия ҳоло бар нагашт— гуфт Авранг —То устухони ҳамон ҳаромхун тамом шудан, аз манзара ҳаловат бурда истодааст.
Авранг ба Бадир боз ҳам ҷиддитар нигоҳ карду суханонашро давом кард:
– Бадир, ҳозир ту рафта, ба назди ман писарат Самеъро ор! Сабабашро баъд мефаҳмӣ!
– Хуб— гуфт Бадир ва баромада рафт. Ӯ ба назди Самеъ, ки дар даруни тӯдаи иблисҳо буд, рафта гуфт:
– Самеъ туро Авранг пурсид. Бо ман биё!
– Чаро? – ҳайрон шуд Самеъ —Барои чӣ ман ба Авранг лозим шудам? Барои ман чӣ кор доштааст? – Самеъ рафтан намехост.
– Сабабашро акнун мефаҳмем— гуфт Бадир ва ба Самеъ боз наздиктар шуда, бо овози паст гуфт:
– Самеъ, Авранг чӣ нагӯяд, чӣ нафармояд, фақат ва фақат розӣ шав! Ҳеҷ гоҳ муқобили гапҳои ӯ набаро. Фаҳмидӣ?
– Фаҳмидам— гуфт Самеъ ва онҳо ҳарду ба назди Авранг рафтанд.
Онҳо ба назди ӯ даромаданд ва Авранг ба Самеъ наздик шуд ва гуфт:
– Самеъ, оё медонӣ, ки чаро ман туро даъват намудаму дигаронро не? Барои он, ки ин корро фақат ту иҷро карда метавонӣ.
– Чӣ хел кор? – Самеъ савол дод.
– Кори оддӣ— ҷавоб дод Авранг —Ту танҳо Наримонро аз Тирагоҳ барорӣ бас. Кори боқимондаро мо худамон иҷро мекунем.
– Аммо барои чӣ? – Самеъ савол дод.
– Ту коре, ки ман гуфтам иҷро кун— гӯён Авранг пушташро гардонд —Ба корҳои боқимонда худат шоҳид хоҳӣ шуд.
– Лекин… – Самеъ норозигӣ баён мекарданӣ буд, ки Бадир оҳиста ба китфи ӯ бо ақиби дасташ зад ва ишора намуд, ки розӣ шавад. Гапҳои Самеъ дар дарунаш монду дигар сухан накард.
– Ман боварӣ дорам, ки ту ин корро зудтар иҷро мекунӣ Самеъ— гуфт Авранг боз ба тарафи Самеъ гашта —Бирав, худи аз ҳозир оғоз намо!
Самеъ нарафта ба Авранг нигоҳ карда меистод, ки вақте Бадир ба ӯ бо чашмонаш рафтанро ишора кард, Самеъ баромада рафт.
– Оё сабабашро донам мешавад? – Бадир бо оҳанги ноустувор пурсид, ки гӯё метарсид —Барои чӣ Наримон бояд ба берун барояд?
Авранг ҷавоб дод:
– Шарте, ки барои зинда мондани Наримон ба назди Камар монда будам, дар ёд дорӣ? Камар ба он розӣ шуда буд ва аз Тирагоҳ баромадани Наримон ин як баҳона барои мо.
– Баҳона барои чӣ? – пурсид Бадир.
– Барои нест кардани ҳарду— ҷавоб дод Авранг —Онро баҳона карда, ҳам Камарро ва ҳам Наримонро мекушем. Тирагоҳро аз ҳаромхунҳо тоза мекунем. Дар байни мо ба одамбаччагон ҷой нест!
Ҳамон вақт ба назди онҳо Сафия ва Камар саросема даромаданд. Сафия парешон менамуд.
– Сафия— гуфт Авранг —Гӯшти ҳаромхун ба Флунҳо маъқул шуд?
– Ӯ гурехт— ҷавоб дод Сафия ба замин нигоҳ карда —Ба Флунҳо супорида натавонистам.
Авранг ба ғазаб омад:
– Чӣ тавр шуд? Чӣ тавр як инсонбаччаи нотавон аз дасти ту гурехта тавонист?
– Фикр мекунам, ки ба ӯ касе ёрӣ расонд— гуфт Сафия —Барои он, ки духтараке, ки бори нахуст ба Тирагоҳ даромада, баромадгоҳи маҳфиро донистанаш қадри имкон нест. Ба ӯ касе, ки Тирагоҳро хуб медонад, ёрӣ расонд. Дар торикӣ надидам, ки ӯ кӣ буд.