– Санги Ҳақдор ана ҳамин. Дар китобҳо набиштаанд, ки ин хел санг ба ҳафт ранг ҳафт адад бошад дар ҳафт иқлими олам. Ин шахпораи одӣ не, санги осмонӣ ва раҳмонист пас аз санги сиёҳи муқаддас дар хонаи Каъба! Санги бахткушо аст барои духтарони дилхаста ва санги ҳоҷатбарорест барои бонувони фарзандталаб. Рӯ ба қибла истода, бо дасти рост сангро дошта, «Дасти ман не, дасти Пирам Подшоҳмарди Валӣ, ҳақ ба ҳақдор расон» гуфта ва бо пешонӣ сангро суфта, сидқан калима гардонда, талабу ният кардан даркор…

Бимастура нишондоди раҳнаморо мӯ ба мӯ риоя карду ҳини саҷдаи ҳафтум поёни нофаш мисли лахчаи ҳезуми зардолу гармакак шуд басо фораму рӯҳнавоз. Умед кард, ки шояд ниёиш қабул шудаву ҳақ ба ҳақдор расида бошад. Дар чунин лаҳзаи ҳассос шайхи мазор шитобон омаду ҳадаҳа кард:

– Кори заруре баромаду Пирам Подшоҳмарди Валӣ рафтанашон даркор. Таъхир халал меорад, сустӣ ба дурустӣ намерасонад. Кафшро кашида, шиппас ба хонақоҳ даромадан даркор…

Хонагоҳ тозаву озода ва хушбӯй буд, аммо ғайр аз як палоси сафеди туркманӣ, ду кӯрпачаи ба шакли мусовӣ густурда ва сандалии урён, ки болояш давоту қоғаз ва чанд китоби гуногунҳаҷм меистод, дигар бисоте ё ҷиҳозе надошт. Ба девори яклухт ва бетоки тарафи рост мехи чӯбине кӯфта, ҷойнамоз овехта буданд. Ҳазрати Бадеуддини Нурӣ, ки дар кунҷи боло рӯйи пӯстак нишаставу ҳар замон ба китоби сари зонуяш нигариста, тасбеҳ мегардонд, Бимастураро бо ишораи абрӯ иҷозати нишастан дод. Аммо вай маҷоли ҷунбидан надошт, моту мабҳут ва саропо карахт шуда буд. Зеро рӯ ба рӯяш ҳамон мӯйсафеди нуронӣ ва сафедпӯше менишаст, ки дар хоб дида буд!! Ҳамон саллаи ҳафтпечу ришу мӯйлаби нуқрафом ва абрувони пайвасту чашмони пурмеҳр, ҳамон яктаҳи васеъ ва дарози урфӣ…

Бимастураро ҳаё пахш кард. Ҳарчанд кӯшид, суханҳои қаблан тайёркардаашро ба забон оварда натавонист. Вай гуфтан мехост, ки аз хонадоршавиаш чор сол гузашта бошад ҳам, ҳанӯз бефарзанд аст. Ҳамсолҳояш аллакай дутоӣ ва ҳатто се кӯдак доранду ҳар гоҳе онҳоро бинад, чашмаш чашмаи пуроб мешавад. Шавҳараш низ ҳоли табоҳ дорад, ҷигаркабобу синагирён ва дилбирён асту ғӯла ба танг омада… Ва ғайраю ҳоказо гуфта, маддаи дил кафондан мехост. Вале натавонист. Зеро ҳис кард, ки Ҳазрати Бузургвор ҳамаи ин гапҳоро, ҳатто бештар аз инро хуб медонаду аёнро ҳоҷати баён нест.

Бо чунин андеша муқаддимаи дарднокро нагуфта, рост ба сари мақсад омад:

– Як хоби аҷоиб дидам… Хобкушои деҳа дар таъбираш оҷиз монд… Пеши Шумо гусел кард…

– Хуш омадӣ, Мастураи ворухӣ. Ба Хуҷанд, ки омадӣ, лаби ғунча ба табассум кушо ва дар шаҳри хубони олам гарду ғубор аз дилу чеҳра дур афкан. Зеро ба ту дуруст фаҳмондаанд, ки агар зани чашминтизор кабутар ба хоб бинад, модари духтар шавад. Аммо ту татайюр накун! Яъне аз парвози мурғ дар хоб фоли бад нагир. Ту ба шодию нишоти бештар ҳақ дорӣ. Зеро кабутари сафеди дар хоб дидаат парандаи биҳиштист ва аз кафтархонаи Ҳасти Бибӣ Марям (раҳиматуллоҳ) ирсол гардида, чунин маъно дорад: аз батни ту шоҳдухтаре падид меояд он қадар гулчеҳра ва гуландом, ки аз машриқ то мағриб сурате ба хубию хушӣ тимсоли ӯ нест ва гузаш- тагон мисли ӯ нозанин надидаанду ояндагон нахоҳанд дид!

Акнун сухане бишнав дар бораи он парандаи осмонӣ, ки тори сари ту ва кабутари бағалат тоб мехӯрд: он мурғи ҳумой аст ва бо амри Ҳақ Таъолоҳ агар сояаш бар сари касе афтад, ҳумоюнбахт мешавад. Яъне, кафтараки ту ҷойгузин хоҳад шудан зери болу пари бузургворе, ки он… на манам! Замоне туву амакат дар роҳ будед, «Китобу-т-тафҳим»-и Беруниро назар кардам. Гардиши фалак, ҳаракати ситораҳо ва навиштаҳои дафтари нуҷумият аз он шаҳодат медиҳад, ки рӯзи дар дунё ба парвоз омадани кабутари ту дар машриқзамин шоҳи бузургманиш ба тахт мешинад ва кафтари ту дар сояи давлати ӯ болу пар меафшонад.